Дар ноҳияи Ҷайҳун 4967 гектар пунбадона бо усули муосир кишт карда шуд
ДУШАНБЕ, 17.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди аграрии «Водии Заррин»-и ноҳияи Ҷайҳун дар 4967 гектар кишти пунбадона бо усули муосири обёрии қатрагӣ ва зерипленкавӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.
16 май Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо нашъунамои зироати пахта дар ин ҷамъият, воқеъ дар деҳаи Сари пули Ҷамоати деҳоти «Панҷ»-и ноҳияи Ҷайҳун шинос гардид.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди аграрии «Водии Заррин» фаъолияташро соли 2013 оғоз намуда, дар айни замон дар вилоят ба азимтарин субъекти истеҳсолӣ дар соҳаи парвариш ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус пахта, шолӣ ва гандум мубаддал гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар солҳои фаъолият ва дар натиҷаи амалӣ гардонидани маҷмуи корҳо марбут ба бунёди иншооти гидротехникӣ, ҳамворкунии мелиоративӣ ва коркарди асосии заминҳо, сохтмони инфрасохтори роҳ ва барқтаъминкунӣ, инчунин иҷрои корҳои пайвастаи агротехникӣ ба ҷамъият муяссар гардид, ки 5706,91 гектар заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Ҷайҳунро обёрӣ намуда, дар онҳо кишти асосӣ ва такрории зироати гуногунро гузаронад.
Ба гуфти масъулини ҷамъият, қубурҳои пластикӣ барои ҷорӣ намудани усули қатрагии обёрӣ низ дар корхонаи ин ҷамъият аз ҳисоби ворид намудани ашёи баландсифати хориҷӣ ва ҳамзамон коркарди дубораи қубурҳои дар мавсими кишоварзӣ истифодашуда истеҳсол карда мешаванд.
Аз тарафи ҷамъият соли 2023 корҳои беҳдошти замин дар масоҳати 1000 гектар замини бекорхобидаи ноҳияи Ҷайҳун оғоз гардида, ҳоло ин корҳо бомаром идома доранд. Аз ин ҳисоб дар масоҳати 400 гектар аллакай корҳои ҳамворкунии талу теппаҳо ва дар онҳо насб намудани қубурҳои обгузар ба анҷом расонида шудаанд.
Дар назар аст, ки дар мавсими кишти баҳории соли 2025 заминҳои нав дар масоҳати 1000 гектар бо усули қатрагӣ обёрӣ гардида, ба гардиши кишоварзӣ дароварда шаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар ниҳолхонаи Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Лахш беш аз 33 ҳазор бех ниҳоли гуногун шинонида шуд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар ин самт ҳифз ва афзоиш додани ҷангалзор зарур аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Лимӯи Тоҷикистон аз витамини C бой буда, онро бояд дар ҷойи торику салқин нигоҳ дошт
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Хуросон ба мавсими нави ниҳолшинонӣ омодагӣ доранд
Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва UNODC дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкориро тақвият медиҳанд
БУНЁДИ БЕШ АЗ 113,5 ГЕКТАР БОҒҲОИ СИТРУСӢ. Доктори илмҳои биологӣ Саидалӣ Гулов ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бештар гардидааст
ТАҲКИМИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ ИННОВАТСИЯ. Шарҳи мутахассис дар ин мавзуъ
«Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» тасдиқ гардид
Дар Москва иҷлосияи 49-уми Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ таҳти раёсати намояндаи Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan–2026» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардиданд






