Дар ноҳияи Файзобод офатҳои табиӣ бартараф карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 25.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи боришоти зиёди рӯзҳои охир дар баъзе мавзеъҳо селу ярч фаромада, ба хоҷагии халқи ноҳияи Файзобод хисорот расонид. Ба ин хотир гурӯҳи корӣ ба ҳар деҳа рафта, аз ҳоли мардум огоҳ шуд ва бо онҳо суҳбатҳо гузаронид. Инчунин роҳбарияти ноҳия бо ҷараёни корҳои бартарафсозӣ ва сохтмон дар мавзеъҳои зарардида шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод хабар медиҳад.
Раиси ноҳия ба мардуми зарардида иброз намуд, ки бартарафкунии офатҳои табиӣ ва расонидани ёрии саривақтӣ ба зарардидагон таҳти назорати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Бояд гуфт, ки дар баъзе ҷамоатҳо бештар пулҳои мошингузар ва роҳу маҳаллаҳо зарар дидаанд. Имрӯзҳо бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони ватандӯсти ноҳия пайомадҳои офати табиӣ дар бештари минтақаҳои зарардида бартараф гардид.
Ҳоло бо истифода аз техникаҳои муҳандисӣ корҳои бартарафкунии офат дар бархе минтақаҳои зарардида идома дошта, ҳамчунин дар мавзеъҳои осебпазир корҳои соҳилбандӣ ва тоза намудани каналу дарёҳо давом дорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






