Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд

Май 6, 2024 20:00

ДУШАНБЕ, 06.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 1 майи соли 2024 дар Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд, ки маблағи моҳонаи нафақаи онҳо 7 миллиону 369 ҳазору 795 сомониро ташкил медиҳад. Дар айни замон ҳамаи нафақагирони ноҳияи Восеъ бо кортҳои пластикӣ  таъмин мебошанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсат Юнус Талбов иттилоъ дод.

Ба иттилои мавсуф, дар айни замон дар ноҳияи Восеъ 2637 нафақагири нимятим, 42 нафақагири ятими кулл, 2053 нафақагири  маъюби гурӯҳи 2 ва 1162 нафақагири маъюби гурӯҳи сеюм сабт шуда, ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон ва ноҳияи Восеъ қарор доранд.

Изҳор гардид, ки дар ноҳияи Восеъ ба нафақагирон аз рӯи категорияҳои гуногун нафақа тайъин гардидааст.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки то моҳи апрели соли 2024 дар ноҳия ҳама намуди нафақапулиҳо пурра пардохт гардида, қарздорӣ вуҷуд надорад.

Кормандони Раёсат баҳри сари вақт пардохт намудани нафақа тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 6, 2024 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад