Дар шаҳри Пекин густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 08.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин байни Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва муовини Вазири савдои Ҷумҳурии Мардумии Чин/сарпараст оид ба гуфтушунидҳои тиҷоратӣ Лин Тсзи вохӯрӣ баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.
Иброз гардид, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ҳарду давлат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ҳамкории дуҷониба байни ҳарду мамлакат ба сатҳи сифатан нав баромад.
Завқӣ Завқизода ба ҷониби Чин барои дастгириҳои молиявӣ ва сармоягузориҳо дар лоиҳаҳои афзалиятноки мамлакат миннатдорӣ баён намуда, нақши Ҷумҳурии Мардумии Чинро дар рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ муҳим шуморид.
Дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин ҷонибҳо изҳор доштанд, ки барои дар сатҳи баланд омодагӣ гирифтан ба сафари расмии дарпешистодаи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






