Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе маротибаи 12-ум Суперҷоми Тоҷикистонро соҳиб гардид
ДУШАНБЕ, 13.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба шарофати голҳои Рустам Соиров ва Элеке Чибуеке Блессинг бар дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб пирӯз шуда, барандаи Суперҷоми Тоҷикистон-2024 гардид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2024 дар варзишгоҳи таъмиршудаи «ТАЛКО Арена»-и шаҳри Турсунзода байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе анҷом ёфт.
Ҳамин тариқ, дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе маротибаи дувоздаҳум дар таърихаш барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд. Қаблан дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019, 2020, 2021 ва 2022 соҳиби Ҷом гардида буд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






