Диққати муассисаҳои Чин ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон меафзояд

Май 19, 2024 08:58

ДУШАНБЕ, 19.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади табодули донишҷӯёну устодон ва кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо намояндагони Коллеҷи байналмилалии табодули фарҳангии Вилояти Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкорӣ ибрози назар ва дурнамои ҳамкории мутақобилан судмандро баррасӣ намуданд.

Муҳтавои мулоқот ба сифати таҳсили муассисаҳо равона гардида, табодули донишҷӯёну устодон ва кормандон аз масъалаҳои мубраму аввалиндараҷаи ҳамкорӣ дониста шуд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки байни муассисаҳо дар кӯтоҳтарин муддат созишномаи ҳамкорӣ баста шавад.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Май 19, 2024 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд