Директори минтақавии ICAO зимни нахустин сафар ба Тоҷикистон бо фаъолияти «Тоҷикаэронавигатсия» шинос шуд
ДУШАНБЕ, 21.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ифтитоҳи хати нави ҳавоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин «ПОМИР-АГВУТ» яке аз дастовардҳои беҳтарин ва назррраси Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Тоҷикаэронавигатсия» маҳсуб мешавад. Чунин иброз намуд Директори минтақавии Аврупо ва Атлантикаи Шимолии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) Николас Ралло дар мулоқот бо директори генералии «Тоҷикаэронавигатсия» Лоиқ Бегиҷонзода дар Душанбе. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ медиҳад.
Мусоҳибон дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкориро байни Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ва ICAO баррасӣ намуданд.
Лоиқ Бегиҷонзода сафари Николас Ралло ба Тоҷикистон ва саҳми ICAО-ро дар татбиқи лоиҳаҳое, ки ба баланд бардоштани бехатарии парвозҳо ва вусъати самаранокии истифодаи фазои ҳавоии Тоҷикистон нигаронида шудаанд, муҳим арзёбӣ намуд.
Директори минтақавии Аврупо ва Атлантикаи Шимолии ICAО Николас Ралло дар доираи нахустин сафар ба Тоҷикистон бо масъулини мақомоти авиатсионии мамлакат мулоқот намуда, бо раёсату шуъбаҳои истеҳсолии «Тоҷикаэронавигатсия» шинос шуд.
Вай доир ба саъю талоши кормандони «Тоҷикаэронавигатсия» дар рушди аэронавигатсияи Тоҷикистон, бехатарии парвозҳо дар минтақа, аз ҷумла ба фаъолияти густурдаи корхона, таъмини он бо техника ва технологияҳои муосир ва ҷавобгӯ ба шароити кунунӣ баҳои баланд дода, барои рушди соҳаи аэронавигатсия маслиҳатҳои муфид манзур намуд.
АКС: КВД «Тоҷикаэронавигатсия»










Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






