Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии Созмони ҳамкории Шанхай гардид
ДУШАНБЕ, 13.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Ассотсиатсияи хизматрасонии Чин оид ба табодули байналмилалии илмии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин 89 ихтисоси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз аккредитатсияи байналмилалии донишгоҳӣ (Institutional accreditation) гузашта, донишгоҳ соҳиби аккредитатсияи байналмилалии Созмони ҳамкории Шанхай гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ иттилоъ доданд.
Барои супоридани ин сертификат намояндагони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва 10 омӯзгори муассисаҳои олии Чин ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон омаданд.
Бояд гуфт, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон чанде пеш барои фаъолияти ҳамаҷонибаи пурсамар дар сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла иштироки фаъолона дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ, баргузории дарсҳои видеоӣ ба забонҳои русиву англисӣ, табодули академии донишҷӯён дар мактабҳои олии хориҷи мамлакат, фиристодани омӯзгорон ба таҷрибаомӯзӣ, баргузории чорабиниҳои сатҳи дохиливу байналмилалӣ, чопи мақолаҳо, ҷалби грантҳои хориҷӣ ва лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо аз тарафи Муассисаи “London School of Digital Business”, инчунин иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар дарс, таҷрибаомӯзии омӯзгориву истеҳсолӣ ва эътирофи дастовардҳо сазовори «Ҷоизаи беҳтарин донишгоҳи навовар ва пешрафтаи соли 2023-и Муассисаи Лондон оид ба тиҷорати рақамӣ (LREA 2023)» гардида буд.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид






