Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бо муассисаҳои олии касбии Узбекистон ҳамкориро тақвият медиҳад

Май 8, 2024 14:32

ДУШАНБЕ, 08.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб Алмосшо Шоҳиён бо вазири таҳсилоти олӣ, илм ва  инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон Конгратбай Шарипов вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад.

Ин вохӯрӣ зимни баргузории Форуми якуми байналмилалии ректорони ҷаҳон ва конференсияи байналмилалии «Мушкилоти таҷрибавӣ ва ҳалли онҳо» дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон доир шуд.

Зимни вохӯрӣ масъалаи ҷараёни амалишавии шартномаҳо, ҳамкории судманд ва самарабахши донишкада бо таълимгоҳҳои олии касбии Ҷумҳурии Узбекистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон масъалаи амалӣ намудани барномаҳои таълимии шабакавӣ барои ба таври муштарак тайёр намудани  мутахассисон аз рӯи нақшаи 1+3, 2+2, 3+1 барои ихтисосҳои зарурӣ бо Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд ба номи Ислом Каримов, ки бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон амалӣ мегардад, пешниҳод гардид, ки бо қаноатмандӣ қабул карда шуд.

АКС: Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

Май 8, 2024 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд