DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Дар рӯзи охири мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон 3 медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 05.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мусобиқаи байналмилалӣ Dushanbe Grand Slam 2024 оид ба ҷудо дар пойтахти Тоҷикистон ба анҷом расид. Тоҷикистонро дар ин рӯз 12 ҷудочӣ муаррифӣ намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар рӯзи охир Темур Раҳимов (дар вазни +100 кг) медали нуқра, Муҳаммаҷон Абдуҷалилзода (дар вазни -90 кг) медали биринҷӣ ва Ҷаҳонгир Маҷидов (дар вазни -100 кг) медали биринҷии мусобиқаро соҳиб шуданд.
Ғолибону ҷоизадорони рӯзи сеюми мусобиқа:
Занон
-78 кг
1. Анна-Мария Вагнер (Олмон)
2. Алина Боем (Олмон)
3. Эмма Рид (Британияи Кабир)
3. Беата Пакут-Клочко (Лаҳистон)
+78 кг
1. Ася Тавано (Италия)
2. Кинга Волшак (Лаҳистон)
3. Урсула Хофман (Лаҳистон)
3. Ли Хёнджи (Ҷумҳурии Корея)
Мардон
-90 кг
1. Мунсур Ларсанов (намояндаи дастаи варзишгарони инфиродии бетараф)
2. Давид Кламмерт (Чехия)
3. Хан Чиёп (Ҷумҳурии Корея)
3. Муҳаммаҷон Абдуҷалилзода (ТОҶИКИСТОН)
-100 кг
1. Дженнаро Пирелли (Италия)
2. Даниэл Эйх (Шейтсария)
3. Ҷаҳонгир Маҷидова (ТОҶИКИСТОН)
3. Джафар Костоев (Амороти Муттаҳидаи Арабӣ)
+100
1. Тедди Ринер (Фаронса)
2. Темур Раҳимов (ТОҶИКИСТОН)
3. Денис Башаев (намояндаи дастаи варзишгарони инфиродии бетараф)
3. Лоссени Коне (Олмон)
Варзишгарон дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ шуданд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки дар аввалин мусобиқаи байналмилалӣ Dushanbe Grand Slam 2024 ҷудочиёни Тоҷикистон 7 медалро соҳиб шуданд. Муҳаммадсолеҳ Қувватов (дар вазни -60 кг) медали тилло, Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг) медали нуқра, Муллораҷаб Халифаев (дар вазни -66 кг) медали биринҷӣ, Беҳрӯзи Хоҷазода (дар вазни -73 кг) медали нуқра , Муҳаммаҷон Абдуҷалилзода (дар вазни -90 кг) медали биринҷӣ, Ҷаҳонгир Маҷидова (дар вазни -100 кг) медали биринҷӣ ва Темур Раҳимов (дар вазни +100) медали нуқра ба даст оварданд.
АКС: АМИТ «Ховар»













Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






