«ФАХР ДОРАМ, ТОҶИКАМ МАН, ИФТИХОРАМ ТОҶИКИСТ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши фарҳангӣ доир гардид

Май 7, 2024 15:48

ДУШАНБЕ, 07.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи моҳвораи ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Боғи Устод Рӯдакӣ таҳти унвони «Фахр дорам, тоҷикам ман, ифтихорам тоҷикист» ҳамоиши тантанавию фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Пеш аз оғози чорабинӣ аз чор самти даромадгоҳҳои боғ 500 ҷавон бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути роҳравҳо ба самти муҷассамаи сардафтари адабиёти форсу тоҷик Абуабдулло Рӯдакӣ ҳозир шуданд. Инчунин дар назди муҷассама қариб 3 ҳазор нафар масъулини сохторҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, гирандагони Стипендияи президентӣ,  сарбозону афсарон, наврасону ҷавонони касбу кори гуногун парчамбадастонро истиқбол гирифтанд.

Гуфта шуд, ки Ҳукумати мамлакат, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввали ба даст овардани соҳибистиқлолӣ то имрӯз ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи зиёд доранд. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳ нисбат ба ҷавонон буд, ки пас аз шаш моҳи соҳибистиқлолӣ 13 марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ба тасвиб расида, 17 марти соли 1994 нахустин мулоқоти расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон доир гардид.

Ёдовар мешавем, ки 23 майи  соли  1997  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, фармон  «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расониданд. Маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ сабаб  шуд, ки  23 май Рӯзи ҷавонон эълон гардад.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Май 7, 2024 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад