ФУТБОЛ. Наврасони Тоҷикистон дар бозии дӯстонаи якум ҳамсолонашонро аз Амороти Муттаҳидаи Араб мағлуб намуданд
ДУШАНБЕ, 24.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 бо роҳбарии Марко Раҷини нахустин бозии дӯстонаро бо ҳамсолони худ аз Амороти Муттаҳидаи Араб анҷом дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ин рақобат 22 май дар варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи Амороти Муттаҳидаи Араб, воқеъ дар шаҳри Дубай баргузор шуда, бо пирӯзии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон – 3:1 анҷом ёфт.
Имрӯз, 24 май тимҳои наврасони Амороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон бозии дӯстонаи дуюмро дар Дубай анҷом медиҳанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии якуми санҷишӣ бар дастаи Лубнон пирӯз шуд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон гардид
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол барои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муайян шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бо дастаи Лубнон бозии санҷишӣ баргузор мекунад
Самбочиёни Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Москва соҳиби ду медали биринҷӣ шуданд
«ФУТБОЛ ВА РУШДИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти чунин унвон китоби иттилоотӣ-омӯзишӣ нашр гардид
Мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) 12 медал ба даст овард






