Гулноз Аҳмадова дар олимпиадаи байналмилалии фаннӣ дар Донишгоҳи байналмилалии Самарқанд соҳиби медали тилло гардид
ФАЙЗОБОД, 09.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи муассисаи таълимии №1-и ноҳияи Файзобод Гулноз Аҳмадова дар олимпиадаи байналмилалии фаннӣ дар Донишгоҳи байналмилалии Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуда, аз фанни забони англисӣ сазовори ҷойи якум ва медали тилло гардид. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Гулноз Аҳмадова иброз дошт, ки «дар замони соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои насли наврас беҳтарин шароити хондан муҳайё намудаанд. Ман аз ин имконият самаранок истифода бурда, вақти зиёдамро ба хондану аз худ кардани забонҳои англисӣ ва русӣ сарф намудам. Ҳоло ба мо беҳтарин омӯзгорон сабақ медиҳанд. Хушбахтона, ман ба ин озмуни байналмилалӣ роҳ ёфта, рақобат намудам ва дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии 13 давлати дунё сазовори ҷойи аввал гардида, парчами Тоҷикистонро баланд бардоштам, ки ин барои ман фаромӯшнопазир аст».
Омӯзгори фанни забони англисии муассисаи таълимии №1-и ноҳияи Файзобод Матлуба Мирзоева гуфт, ки «аз муассисаи мо дар ин озмуни байналмилалӣ се нафар иштирок намуда, сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд, ки ин мояи ифтихори мо, омӯзгорон мебошад. Бояд гуфт, ки усулҳои нави таълим ва истифодаи технологияи наву барномаҳои гуногуни забономӯзӣ ба насли наврас таъсири хуб расонида, онҳо кӯшиш менамоянд, ки захираи луғавиашонро зиёд намуда, донандаи хуби забонҳои хориҷӣ гарданд». Ба таъкиди омӯзгор, Гулноз Аҳмадова яке аз хонандагони серталаби мактаб ба ҳисоб меравад ва имрӯзҳо бо забони англисӣ ва русӣ озод суҳбат менамояд.
«Ман фикр мекунам, ки дар баробари таълими мо, омӯзгорон Гулноз асосан бо таъсири волидайн ва тарбияи дурусти онҳо ба ин муваффақият сазовор гардид. Аз ин рӯ падарону модарон бояд дар фикри ояндаи фарзандонашон бошанд ва он маблағҳоеро, ки дар маъракаҳои беҳуда сарф менамоянд, бояд барои забономӯзию соҳибкасб гардидани фарзандонашон сарф кунанд»,-иброз намуд Матлуба Мирзоева.
Ёдовар мешавем, ки олимпиадаи байналмилалии фаннӣ байни 13 давлат дар се давр баргузор гардид. Дар даври ниҳоии он хонандагон аз Туркия, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.
Аз ноҳияи Файзобод дар ин олимпиада 15 нафар иштирок намуданд, ки дар натиҷа ҳамаи онҳо сазовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм гардида, бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ қадрдонӣ шуданд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид






