ИҚДОМЕ, КИ МОЯИ ИФТИХОРИ ҲАР ТОҶИКИСТОНӢ АСТ. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба ғолибони мусобиқаи футболи хурд ҷоизаҳо супорида шуданд
ДУШАНБЕ, 29.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо ифтихор аз пазируфтани иқдоми байналмилалии Рӯзи ҷаҳонии футбол барои дарёфти «Ҷоми ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» байни устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ мусобиқаи футболи хурд баргузор гардида, 28 май зимни чорабинии тантанавӣ ба ғолибони мусобиқа ҷоизаҳо супорида шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода иброз намуд, ки «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун идомабахши андешаҳои бузургони миллат ҳанӯз аз солҳои аввали фаъолият то имрӯз барои рушди варзиши тоҷик ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ тамоми шароити заруриро фароҳам оварданд. Натиҷаи ин аст, ки дар Тоҷикистон бисёр намудҳои варзиш рушд намуда, имрӯз варзишгарони мо дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хосса пайдо кардаанд.
Дастоварди миллати тоҷик дар самти варзиш- ин аз тарафи Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (СAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намудани «Рӯзи ҷаҳонии футбол» аст, ки бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 25 май ба таври расмӣ Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардид».
Изҳор гардид, ки ҳадафи ин ҳама чорабиниҳои варзишӣ он аст, ки варзиш чун воситаи муассир ва муҳими тарғиби тарзи ҳаёти солим, беҳбуди саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу дӯстӣ, баҳамоварандаи фарҳангҳои гуногун ва муҳимтар аз ҳама, боло бурдани арзиши инсоният аст.
Дар фарҷоми чорабинӣ ғолибон бо Диплому Ҷом ва мукофотпулиҳо қадрдонӣ гардиданд.
Зимни ҳамоиш донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Абдурасул Ҷабборов, ки дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба кикбоксинг (WAKO) дар шаҳри Истанбули Туркия аз намуди кикбоксинги Kicklight сазовори ҷойи якуму медали тилло ва аз намуди Lightcontact сазовори ҷойи 3-юм ва медали биринҷӣ гардида буд, бо Ифтихорнома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардид.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид






