Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи 56-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ доир гардид

Май 31, 2024 15:04

ДУШАНБЕ, 31.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 31 май дар шаҳри Душанбе  ҷаласаи 56-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Гуфта шуд, ки зимни баргузории ҷаласа сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исломиддин Раҳмон, роҳбарон ва намояндагони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар коршиносон дастовардҳои мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, камбудиҳои ҷойдошта ва нақшаи минбаъдаи фаъолияти Шуроро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бояд гуфт, ки дар ҷаласа фаъолияти Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ аз ҷаласаи 55-ум то ҷаласаи 56-ум натиҷагирӣ карда шуд ва аз натиҷаи он қарори дахлдор қабул гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки 30 май ҷаласаи нахустини вохӯрии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай таҳти раисии сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исломиддин Раҳмон доир шуд.

Ҷаласа бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар кори он роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, котибони Созмони Ҳамкории Шанхай, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар коршиносон иштирок намуданд.

Дар баробари ҷаласаи Шурои байнидавлатии сиёсати зиддиинҳисорӣ  инчунин ҷаласаи 25-уми Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба реклама баргузор гардид, ки дар кори он ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Молдова ва дигар коршиносон иштирок намуданд.

Дар доираи ҷаласаи 56-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ вохӯрии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва сардори Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия Максим Шасколский баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар самти пешбурди самараноки сиёсати зиддинҳисориро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни муҳокимаи масъалаҳо инчунин ҳамкории оянда вобаста ба табодули таҷрибаи ҷонибҳо дар самти фаъолияти зиддиинҳисорӣ, пешгирии ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ ва нақшаҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 АКС: Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 31, 2024 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Қоҳир Расулзода дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ шинос шуд
Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» масъалаҳои татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуданд
Ба занони соҳибкору ҳунарманд грантҳои Раиси вилояти Суғд супорида шуданд
НОРАСОИИ ЧАНДИНСОЛАИ ОБИ ПОЛЕЗӢ. Ва ё чаро роҳбарони Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Рӯдакӣ ин мушкилиро сари вақт бартараф намекунанд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan 2026» доир мешавад
Таҳти унвони «Донишгоҳҳо – марказҳои нави ҷалби илм, соҳибкорӣ ва ҷомеа» Конфронси IV байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мешавад
Дар Бонки миллии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ оид ба рушди ҳамкории касбӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон истеҳсоли барқ аз неругоҳҳои офтобӣ бештар гардидааст
Ҷаласаи 22-юми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Форуми III байналмилалии саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлургия доир мегардад
Парчам ҳамчун рамзи нангу номус, истиқлолият, давлатдорӣ ва муттаҳидии халқ мақоми хосса дорад
Дар Суди Олии иқтисодӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид