ИМРӮЗ-РӮЗИ АДВОКАТҲО. Асоси ислоҳоти ниҳоди адвокатураи Тоҷикистонро Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ташкил медиҳад

Май 26, 2024 09:29

ДУШАНБЕ, 26.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар мамлакат 26 май Рӯзи адвокатҳо маҳсуб мешавад. АМИТ «Ховар» бо Раиси Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳуриии Тоҷикистон Алишер Ҳайдаров оид ба дастовардҳо ва мушкилоти соҳа суҳбат баргузор намуд.

Зимни суҳбат Алишер Ҳайдаров изҳор кард, ки асоси ислоҳоти ниҳоди адвокатураи Тоҷикистонро Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 ташкил медиҳад, ки тибқи он Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013 қабул карда шуд. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон бори аввал ба ниҳоди адвокатура таваҷҷуҳ зоҳир шуда, зарурати ислоҳоти он баён гардид. Гуфта шуд, ки яке аз масъалаҳои муҳим- ин таъмини дастрасии шаҳрвандон ба ёрии ҳуқуқии касбӣ мебошад. Дар Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013 пешбинӣ шуда буд, ки барои ноил шудан ба ин мақсад зарур аст низоми адвокатура таҷдид ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура» таҳия ва дар таҳрири нав қабул карда шавад.

18 марти соли 2015 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ба имзо расонида шуд.

Алишер Ҳайдаров таъкид кард, ки воқеан, адвокатҳо ба қабул шудани чунин қонун, ки адвокатҳоро муттаҳид ва фаъолияти онҳоро дар қаламрави мамлакат танзиму таҳким намояд, хеле ниёз доштанд.

18-19 сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе Анҷумани якуми адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид. Дар рӯзи якуми кори анҷуман аввалин маротиба дар таърихи адвокатураи тоҷик Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он ташкил карда шуд. Дар ин Анҷуман баҳри рушди минбаъдаи адвокатура Раёсати Иттифоқи адвокатҳо интихоб гардида, Оинномаи Иттифоқи адвокатҳо, Кодекси одоби касбии адвокатҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳим қабул гардиданд. Ҳамин тариқ, Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон расман дар таърихи 11 декабри соли 2015 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.

Ба иттилои Алишер Ҳайдаров, аз соли 2015 то имсол чор Анҷумани Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Анҷумани чоруми навбатии Иттифоқи адвокатҳо 18-19 сентябри соли 2023 баргузор гардида, роҳбарият, аъзои нави Раёсати Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин комиссияҳои дахлдори он интихоб шуда, раванди ислоҳоти нави ниҳоди адвокатура оғоз гардид.

Бори нахуст ду зан-адвокат ба ҳайси аъзои Раёсат интихоб гардиданд, ки ин аз баланд шудани мақоми занҳо дар адвокатура дарак медиҳад.

Дар Анҷуман Консепсияи рушди устувори Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки он ҳашт самти муҳим ва тақдирсози рушду ташаккули адвокатураро дар ояндаи наздик пешбинӣ намуд. Мақсади Консепсия аз рушди мутавозини раванди идоракунии устувори Иттифоқи адвокатҳо иборат аст, ки дар он ҷанбаҳои риояи қонун, сарчашмаҳои молиявӣ, имконияти ташкилӣ ва идоракунии захираҳои инсонӣ, такмили ихтисос ва имконияти ҳавасмандгардонӣ, рушди илму технология бо ҳамдигар ҳамоҳанг мебошанд. Он шароит ва имконоти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баҳри гирифтани ёрии ҳуқуқии тахассусӣ беҳтар менамояд. Консепсияи мазкур имкон медиҳад, ки ҳамаи сохторҳои Иттифоқи адвокатҳо ва комиссияҳои дахлдори он рушд намоянд. Консепсияи рушди Иттифоқи адвокатҳо ба баланд бардоштани сатҳу сифати расонидани ёрии ҳуқуқӣ нигаронида шудааст.

Моҳи декабри соли 2023 маҷлисҳои умумии навбатии мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо дар вилоятҳои Хатлону Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе баргузор гардиданд. Дар ин маҷлисҳо низ роҳбарони ин воҳидҳои сохторӣ аз нав интихоб карда шуда, сиёсати пешгирифтаи Иттифоқи адвокатҳо дар заминаи Консепсияи рушд ва гузаронидани ислоҳотҳои ҷадид ҷонибдорӣ карда шуд.

Вобаста ба тағйироте, ки моҳи январи соли 2024 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ворид карда шуд, Алишер Ҳайдаров изҳор кард, ки тағйирот ба қонун масъалаҳои бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва аттестатсияи адвокатҳо, боздоштан ва қатъ кардани мақоми адвокат, коромӯз, адвокатҳоро ифода мекунад. Мутобиқи талаботи қисми 1 моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», барои нигоҳ доштани сатҳи зарурии тайёрии касбӣ ва такмили донишҳои адвокат оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи татбиқи қонунҳо адвокатҳо уҳдадоранд дар панҷ сол як маротиба тахассуси худро баланд бардоранд. Тартиби бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва аттестатсияи адвокатҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Тибқи қисми 3 ҳамин модда бо мақсади бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси адвокатҳо Иттифоқи адвокатҳо метавонад Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо ё курсҳои махсус ташкил намояд.

Барои дар амал татбиқ намудани ин меъёрҳо бо қарорҳои раёсати Иттифоқи адвокатҳо Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо таъсис дода шуд. Ҳамчунин Низомномаи Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо, Методикаи ягонаи тайёрии касбӣ ва такмили ихтисоси адвокатҳо тасдиқ гардида, тартиби гузаштан аз аттестатсия ва саволнома ба Комиссияи тахассусии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд. Дар натиҷа зиёда аз 600 адвокат бомуввафақият аз аттестатсия гузашта, фаъолияти худро идома дода истодаанд.

Маркази такмили ихтисоси адвокатҳои назди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз 18 сентябри соли 2020 шакли нави (алтернативии) таълим- такмили ихтисоси фосилавии онлайниро оғоз намуд, ки тибқи он баланд бардоштани такмили ихтисоси адвокатҳо, коромӯз-адвокат ва ёрдамчиёни адвокат тариқи фосилавӣ тавассути курсҳои Платформаи онлайн-омӯзиш дар сомонаи takmil.tj гузаронида мешавад.

Дар хусуси расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон Раиси Иттифоқи адвокатҳои мамлакат гуфт, ки бо мақсади ташаккул додани асосҳо барои инкишоф ва мукаммалгардонии минбаъдаи низоми давлатии ёрии ҳуқуқии ройгони дастрас ва ихтисоснок 2 июли соли 2015 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд. Иттифоқи адвокатҳо чун яке аз субъектҳои фаъоли иҷрокунандаи ин консепсия баромад намуда, адвокатҳо дар расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ дар ду минтақаи пилотӣ — вилоятҳои Суғду Хатлон мусоидат намуданд.

Ҳамзамон дар заминаи ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии Маркази ёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи мамлакат мутахассисони Иттифоқи адвокатҳо лоиҳаи Стандартҳои сифати кори адвокат ва тартиби мониторинг ва баҳодиҳии расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷаро коркард ва ба субъекти дахлдор пешниҳод намуданд.

Заминаи чунин ҳамкории мутақобилан судманд дар марҳилаи амалигардонии Консепсия буд, ки бо назардошти моделҳои санҷидашуда Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ» аз 4 июни соли 2020 қабул ва аз 7 июли ҳамон сол мавриди амал қарор дода шуд.

Аз моҳи сентябри соли 2023 дар Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми электронии мониторинги раванди супоридани аъзоҳаққӣ, ташкили феҳрасти онлайнӣ ва дигар коргузорӣ ба роҳ монда шуд. Низоми электронӣ бо мақсади ба танзим даровардани муносибатҳо оид ба раванди супоридани аъзоҳаққӣ ва хароҷоти маблағҳо, феҳрасти онлайнии узви Иттифоқи адвокатҳо, феҳрасти онлайнии шаклҳои ташкилии фаъолияти адвокатӣ, коргузории Иттифоқи адвокатҳо ва мақомоти минтақавии он, коркард ва мавриди амал қарор дода шудааст. Низоми элекронӣ барои иҷрои вазифаҳои зерин роҳандозӣ мегардад:

— таъмини шаффофияти раванди супоридани аъзоҳақии адвокатҳо ва хароҷоти маблағҳо тибқи сметаи хароҷот;

— ба танзимдарории раванди супоридани аъзоҳақӣ;

— таҳияи феҳрасти узви Иттифоқи адвокатҳо;

— таҳияи феҳрасти шаклҳои ташкилии фаъолияти адвокатӣ;

— рушди раванди ҳамкориҳои Иттифоқи адвокатҳо ва зерсохторҳои он;

— таъмини коргузории Иттифоқи адвокатҳо ва воҳидҳои сохтории он;

— таъмини иҷрои талаботҳои қонун ва вазифаҳои оинномавӣ дар соҳаи адвокатура.

Низоми электронӣ тавассути сервери маҷозӣ фаъолият карда, тартиби истифодаи он тибқи дастури истифодабаранда (ба тариқи видеоӣ, ки дар сомонаи низом мавҷуд аст) амалӣ мешавад.

Соли 2023 дар доираи Барномаи дастгирии ҳуқуқӣ дар Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази захираҳои ҳуқуқӣ ташкил карда шуд. Ҳадафи Барномаи дастгирии ҳуқуқӣ беҳбуди фазои ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқӣ барои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва дастгирии фаъолияти самараноки низоми адлия дар Тоҷикистон мебошад.

Дар ибтидо барнома аҳамияти дастгирии ҳуқуқӣ ва техникии ҷомеаи шаҳрвандиро таъкид намуда, зиёда 40 созмони ҷомеаи шаҳрвандиро дар бар мегирифт, ки фаъолияти асосии онҳо бо маъюбон, занон дар ҳолатҳои осебпазир, муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо рабт дошт. Аз соли 2024 инҷониб Маркази захираҳои ҳуқуқӣ доираи фаъолияташро густурда намуда, ба қишрҳои осебпазири ҷомеа ва ба ҳамаи аҳолӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ машваратҳои ҳуқуқӣ медиҳад. Фаъолияти Маркази захираҳои ҳуқуқӣ тавассути пешниҳоди машваратҳо оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, асосан ба таври фосилавӣ нигаронида шудааст, ки ба беҳтар намудани дастрасӣ ба ёрии ҳуқуқӣ, саривақтӣ, самаранокӣ ва ҳамаҷонибаи хизматрасониҳои ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон мусоидат мекунад.

Дар Маркази захираҳои ҳуқуқӣ инчунин китобхонаи захираҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла пойгоҳи электронии ҳуқуқӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шаклҳои зуд-зуд истифодашавандаи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ мавҷуд аст. Дар Марказ ду мушовир аз байни ҳуқуқшиносоне интихоб шудаанд, ки бевосита ба Маркази захираҳои ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ маслиҳат медиҳанд.

Ҳамин тавр, зина ба зина дар дигар самтҳои фаъолияти ниҳоди адвокатура ислоҳот давом доранд.

Алишер Ҳайдаров изҳор кард, ки дар баробари дастовардҳо Иттифоқи адвокатҳо дар давраи солҳои 2015-2023 ба мушкилии идоракунӣ, молиявӣ, кадрӣ ва институтсионалӣ рӯ ба рӯ шуд, ки ба сатҳ ва сифати корҳо таъсири манфӣ расонид.

Ин масъалаҳоро ба инобат гирифта, бо мақсади ошкор намудан ва бартараф кардани мушкилиҳо таҳлили вазъи кунунии идоракунии Иттифоқи адвокатҳо тибқи самтҳои муайян аз ҷониби намояндагони мақомоти роҳбарикунандаи ин ниҳод пас аз баргузории Анҷумани навбатӣ ба роҳ монда шуд. Таҳлил мушкилоти зеринро муайян намуд: набудани инфрасохтори худӣ барои ҷойгир кардани тамоми сохторҳои Иттифоқ; мушкилиҳои молиявӣ вобаста ба сари вақт ҷамъ накардани аъзоҳаққӣ ва мавҷудияти таҷрибаи гуногуни ҷамъоварии он, мушкилиҳои идоракунии кадрӣ; шумораи ками адвокатҳо; нарасидани санадҳои танзимкунандаи фаъолият ва дастурҳо, сарбории андозбандӣ барои адвокатҳо ва мавҷуд набудани ҳавасмандии зарурии адвокатҳо; кафолатҳои нокифояи ҳифзи ҳуқуқҳои адвокатҳо; такмилталаб будани ҳуҷҷатҳои дохилӣ ва қонунгузорӣ; мониторинг ва баҳодиҳӣ накардани фаъолият ва ғайра.

Барои мисол, тибқи стандартҳои байналмилалӣ ба 1000 нафар аҳолӣ 1 нафар адвокат рост меояд, вале аз лаҳзаи қабули қонун то ин дам дар Иттифоқи адвокатҳо камтар аз 800 адвокат фаъолият менамояд. Ҳол он ки тибқи стандартҳои байналмилалӣ, аз рӯи шумораи аҳолии Тоҷикистон на кам аз 9000 адвокат бояд фаъолият намоянд. Дар ноҳияҳои Рӯшон, Ишкошим, Шуғнон ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Мастчоҳ, Айнӣ ва Шаҳристони вилояти Суғд, ноҳияҳои Ховалинг, Балҷувон, Шамсиддини Шоҳин ва ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон, ноҳияҳои Шаҳринав, Лахш, Тоҷикобод ва Сангвор ягон адвокат фаъолият намекунад.

Ин ва дигар мушкилиҳои гуфташударо дар ниҳоди адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф менамояд ва эълон менамояд, ки ислоҳоти пешбинишуда зимни Консепсияи рушд маҳз барои бартараф кардани ин мушкилиҳо ва рушди устувору бемайлони адвокатураи тоҷик дар дурнамои наздик равона карда шудаанд.

Мусоҳиб Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 26, 2024 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОН — ШВЕЙТСАРИЯИ ДУЮМ. Меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси оби Душанбе аз тамошои манзараҳои дилфиреби Варзоб, хусусан оби мусаффои дарёи Сиёма ангушти ҳайрат газиданд
ИЛМ АҲЛИ ЗИЁРО БА СӮИ ДАСТОВАРДҲОИ БЕНАЗИР РАҲНАМОӢ МЕНАМОЯД. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат
Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода аз таъмири асосӣ бароварда шуд
Витаминҳо барои организми инсон чӣ аҳамият доранд?
Пешвои миллат: «Эҳтироми падару модар ва ба ҷо овардани хизмати онҳо беҳтарин савоб ва ба қавли бузургон баробар ба ҳаҷ кардан аст»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли зардолу камхуниро бартараф месозад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Намояндаи Ироқ Ҳотам Ҳусейн: «Шумораи зиёди электромобилҳо дар Душанбе аз тадбирҳои тоза нигоҳ доштани муҳити зист дарак медиҳад»
То Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 масҷид фаъолият дошта, шумораи онҳо имрӯз ба беш аз 4 ҳазор расидааст
Сарвари давлат: «То имрӯз беш аз 255 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳаҷи фарзӣ ва зиёда аз 400 ҳазор умраро ба ҷо овардаанд»
Гурӯҳи кории шаҳри Душанбе бо сокинони ноҳияи Варзоб вохӯрии судманд баргузор намуд
Дар Душанбе ҷаласаи 3-юми аъзои Гурӯҳи кории бисёрҷониба барои баррасии Харитаи роҳ доир гардид
САЛОМ, ТОБИСТОН! Лагери истироҳативу омӯзишии «Рангинкамон» ба фаъолият оғоз намуд