Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз омадани сел ҳушдор медиҳад
ДУШАНБЕ, 29.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии мамлакат ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки 29-30 май дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии Тоҷикистон, ба истиснои шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани сел пешбинӣ мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.
29 май эҳтимоли болоравии сатҳи об дар дарёҳои Зарафшон, Обихингов, Сурхоб, Вахш, Ёқсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳои ҷоришаванда аз нишебиҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор (Варзоб, Лучоб, Харангон, Ромит, Элок) вуҷуд дорад.
Дар робита ба ин Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо ба соҳили обҳо барои моҳидорӣ ё истироҳату оббозӣ нараванд.
Ҳамзамон ба диққати сокинони манотиқи кӯҳиву наздикӯҳӣ расонида мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии гиёҳҳои дорувор ва ҳезум худдорӣ намоянд.
Бо мақсади пешгирии даромадани сел ба хонаву ҳавлиҳо ва майдонҳои кишт сокинон бояд пешакӣ селроҳаҳо, каналҳо ва ҷӯйҳоро аз ҳар гуна хасу партов ва сангу шағал тоза кунанд.
АКС аз бойгонӣ








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






