МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ. Нақши Конститутсия дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ муҳим ва асосӣ аст
ДУШАНБЕ, 13.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 ба қабули қонуни асосии мамлакат-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикисон 30 сол пур мешавад. Конститутсияи Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 қабул гардида, чун бахтномаи миллат шинохта шудааст, зеро дар ҳар банди он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳифзу ҳимоя мегардад. Қабули Конститутсия дар баробари дигар дастовардҳои муҳим яке аз муваффақияти ҷомеаи мо дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ ва маърифати шаҳрвандӣ, инчунин ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд, ки қобили дастгирии аҳли ҷомеаи мамлакат гардид. Ин нукта зимни ҳамоиш дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» бо кормандон баён гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» хабар медиҳад.
Иброз шуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид гардид, ки «дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад».
Ҳамзамон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки «пеш аз ҳама, бояд сари ин проблема андеша намоем, ки дар давраҳои хеле ҳассоси тезутунд шудани муносибатҳои байни абарқудратҳо барои ҷорӣ намудани низоми нави ҷаҳондорӣ, сарфи назар аз мавҷудияти ақидаҳои мухталифи сиёсиву динӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеа мо барои ҳифзи сарвати бузургтарин ва бобақои худ, яъне Ватан ва Истиқлолияти миллӣ муттаҳид бошем, барои ҳифзи манфиатҳои милливу давлатии худ зиракиро аз даст надиҳем».
Дар ҳақиқат, ҷаҳонишавӣ ва зуҳури гурӯҳҳои манфиатҷӯву афзоиши хатарҳои экстремистиву террористӣ ба оромиву субот ва истиқлолу соҳибихтиёрии кишварҳои ҷудогонаи олам таҳдид менамояд, ҳар сокини сайёра ва миллату давлатҳоро ҳушдор медиҳад, ки аз ин қабил амалҳои хатарзо дар канор бошанд.
Коршиносони байналмилаливу ватанӣ борҳо омили асосии пайваст шудани ҷавонону сокинонро ба гурӯҳҳои ифротӣ ба маърифати пасти ҳуқуқӣ ва донишҳои диниву сиёсии онҳо марбут медонанд. Тоҷикон, ки аз қадим соҳиби таъриху тамаддун ва адабиёти бузургу фарҳанги оламшумул буданд, падидаҳои номатлубу гурӯҳҳои зиёдаравро маҳкум мекарданд. Имрӯз Тоҷикистон дар мубориза ба терроризму экстремизм дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати пешсаф шинохта шудааст. Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои созмону ташкилоти байналмилалӣ хатари экстремизму терроризмро ёдовар шуда, аз пайомадҳои ногувори он ҳушдор додаанд.
Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар меҳвараш ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, адолати иҷтимоӣ ва гуманизмро фаро гирифта, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро дар аввал мегузорад, тамоми хатару таҳдидҳо ва амалҳои номатлубро пурра маҳкум менамояд. Барои бунёди воқеии ҷомеаи демократӣ зарур аст, ки дар баробари ҳамаи тадбирҳои дигари бунёдкорӣ аҳли ҷомеа ҳамчун шаҳрванд ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳояшро хеле хуб ва дар сатҳи зарурӣ донанд ва аз он самаранок ва пурмаҳсул истифода намоянд. Мо бояд қонун ва қоидаҳои қабулгардидаро баҳри зиндагии сазовор дуруст ва бо камоли ақл дар зиндагии рӯзмарра амалӣ намоем.
Дар ин замина нақши Конститутсия дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ басе муҳим ва асосӣ маҳсуб мешавад. Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 боз як иқдоми ояндасози Сарвари давлат маҳсуб шуда, дар робита ба авзои ҷаҳони муосир амри бисёр муҳим ва саривақтӣ ба шумор меравад.
Дар охир изҳор гардид, ки тамоми сокинон ва шаҳрвандони мамлакатро зарур аст, ки дар заминаи Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 ҳарчи бештар донишҳои ҳуқуқиву сиёсиашонро баланд бардошта, ҳамвора ҳушёру зирак бошанд ва бо маърифати ҳуқуқӣ дар ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳифзи якпорчагии мамлакати аҷдодӣ саҳм гузоранд.
АКС аз бойгонӣ








СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст






