Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
ДУШАНБЕ, 04.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» ва намояндаи Шуъбаи омӯзиши Иттиҳоди Аврупо ва муносибатҳои глобалӣ мулоқот баргузор гардид, ки зимни он мизони ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Нидерланд ва ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ва имкони тавсеаи он баррасӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.
Дар мулоқот аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегӣ ба муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Недерланд баҳои мусбат дода, таъкид гардид, ки рушди минбаъдаи онҳо ҷавобгӯи манфиатҳои ҳарду давлат мебошад.
Таъкид гардид, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд – Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҷараёни татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки аз 22 то 24 март дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк бо ҳамраисии Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор гардид, нишони сатҳи баланди ҳамкории тарафайн ва дастгирии мутақобилаи ташаббусҳои муштараки байналмилалӣ мебошад.
Намояндаи Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» Нилс Дрост иброз дошт, ки ин нахустин сафараш ба Тоҷикистон буда, ҳадафи он табодули афкор барои муайян кардани самтҳои калидие мебошад, ки дар оянда Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Нидерланд метавонад бо Тоҷикистон ҳамкории мутақобилан судмандро тавсеа бахшад.
Изҳор гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чор ҳадафи стратегии рушди мамлакатро эълон намудааст, ки доир ба ин чор самт хостори равобити ҳамкории муштарак бо тамоми кишварҳо, аз ҷумла бо давлатҳои Иттиҳоди Аврупо мебошад. Хусусан, давлати мо доир ба татбиқи самти чоруми стратегии рушди мамлакат, ки саноатикунонии босуръат мебошад, ҳавасманди ҳамкории мутақобилан судманд бо Иттиҳоди Аврупо ва Шоҳигарии Нидерланд аст.
Ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва рушди энергияи «сабз», коркарди захираҳои табиӣ ва ташкили хатсайрҳои мустақим аз ҷумлаи самтҳои ояндадор ва афзалиятноки ҳамкорӣ арзёбӣ гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?






