Мавсими нави Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон дар Рӯзи ҷаҳонии футбол оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 24.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон нақшаҳои мавсими навро муайян карда, маросими қуръакашии тақвими бозиҳои чемпионати байни дастаҳои занонаро баргузор намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Барои медалҳо дар чемпионати ҳафтуми Тоҷикистон, ки 26 май оғоз мешавад, даҳ дастаи занона – «Душанбе» (Душанбе), МДМВ «Вахш» (Бохтар), МДМВ (Кӯлоб), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Бешкент» (Носири Хусрав), «Ситора» (Шаҳринав), «Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов), ММФ «Канд» (Конибодом), «Бунҷикат» (Шаҳристон), ММВФЧА «Хуҷанд» (Хуҷанд) мубориза мебаранд.
Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Ба гурӯҳи «А» шаш тим дохил шуд. Бозиҳо дар чаҳор давр баргузор мешаванд. Дар гурӯҳи «Б» чаҳор даста рақобат мекунанд. Дар ин чоргона вохӯриҳо дар панҷ давр гузаронда мешаванд. Аз ҳар гурӯҳ ду даста ба қисми ниҳоии чемпионат роҳ ёфта, ҷуфтҳои даври нимниҳоиро ташкил медиҳанд. Ғолибони даври нимниҳоӣ дар бозии ниҳоӣ ва дастаҳои мағлубшуда дар рақобат барои ҷойи сеюм ба ҳам меоянд.
Чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 17-сола бо иштироки 10 даста дар ду давр доир мешавад. Рақобатҳо 25 май дар Рӯзи ҷаҳонии футбол оғоз мешаванд.
Дар гурӯҳи хурдтарин – дар чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 15-сола 18 даста, ки ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд, иштирок мекунанд. Ғолибони се гурӯҳ, инчунин беҳтарин дастаи ҷойи дуюм ба қисми ниҳоии чемпионат мебароянд. Чемпионати мамлакат байни духтарони то 15-сола 29 май шуруъ мегардад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд






