Мавсума Муинӣ: «Ҳукумати Тоҷикистон баҳри таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии занон тадбирҳои муҳим меандешад»

Май 14, 2024 14:45

ДУШАНБЕ, 14.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии занон, таҳкими нақши занон дар ҷомеа ва ҳалли муҳимтарин масъалаҳои марбут ба занон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ин нуктаро муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ дар Форуми занони Осиё дар Самарқанд баён дошт.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон иттилоъ медиҳад, ки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон доир ба мавзуи форум — «Равиши минтақавӣ дар масъалаҳои тавсеаи ҳуқуқ ва имконоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии занон» ибрози андеша намуд.

Тавре изҳор карда шуд, дар солҳои истиқлолият Тоҷикистон дар самти аз байн бурдани қолабҳои гендерӣ ва таъмини сиёсати самарабахши гендерӣ, ки самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати мо мебошад, корҳои бузурге анҷом дод.

Гуфта шуд, ки имрӯз занони Тоҷикистон дар зинаҳои гуногун дар тамоми соҳаҳои ҳаёт-дар мақомоти олии қонунгузор, ҳокимияти судӣ ва иҷроия, сохторҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъол буда, дар рушди соҳаҳои ҷомеа саҳми арзанда доранд.

Аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз чумла дар вазифаҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро занон ташкил медиҳанд.

Зиёда аз нисфи коркунони тиб, илм, маориф ва хизматрасонии иттилоот занон мебошанд. Масалан, шумораи умумии занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71 фоиз, фарҳанг 47 фоиз, бонкдорӣ 39 фоиз, алоқа 25 фоиз ва дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоизро ташкил медиҳад.

Дар Форуми занони Осиё, ки 13 май дар Самарқанд оғоз гардид, ҳайатҳои баландпоя аз 40 давлати ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок доранд.

Дар кори анҷуман ҳамчунин Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода ва узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Аюбӣ Бибиосия иштирок ва суханронӣ намуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 14, 2024 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид