Намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар Гурҷистон сафарҳои омӯзишӣ ва табодули таҷриба барои кормандони соҳаро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 27.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари тарғиботӣ оид ба имконияти сайёҳӣ ба Гурҷистон намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини якуми раиси Идораи миллии сайёҳии Гурҷистон Тамар Кориаулӣ мулоқот анҷом доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.
Тамар Кориаулӣ аз ифтитоҳи хатсайри ҳавоии мустақим байни Душанбе ва Тифлис изҳори хурсандӣ намуда, ин хатсайрро оғози саҳифаи нав дар муносибатҳои ҳамкории мардумони Тоҷикистон ва Гурҷистон арзёбӣ намуд.
Зимнан, ҷониби Тоҷикистон оғози фаъолияти хатсайри ҷадидро барои таҳкими минбаъдаи рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ташкили ҷавобии сафари тарғиботии намояндагони воситаҳои ахбори омма ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Гурҷистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин амалӣ намудани сафарҳои омӯзишӣ ва табодули таҷриба барои кормандони соҳаи сайёҳӣ ва субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва мутақобилан судманд доир гардид.
Ёдовар мешавем, ки ба муносибати ба фаъолият шуруъ намудани хатсайри мустақими Душанбе-Тифлис ҳайати намояндагони воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ, блогерони маъруф ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби имконоти сайёҳии Гурҷистон ба муддати ҳафт рӯз тариқи нахустин парвози мустақими ҳавоӣ ба Гурҷистон сафар намуданд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ






