ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Давоми чор рӯз дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва сел пешгӯӣ мешавад

Май 16, 2024 18:04

 ДУШАНБЕ, 16.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 19 май дар Тоҷикистон ҳаво номусоид шуда, сар задани сел пешгӯӣ мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии мамлакат иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки 16-17 май дар минтақаҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, баъзе минтақаҳои вилояти Хатлон (Хуросон, Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, минтақаи Даштиҷум) сар задани селҳои дорои хусусияти маҳаллӣ аз эҳтимол дур нест. Инчунин 18 май дар баъзе минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ: шаҳри Душанбе (маҳаллаҳои Лучоб, Хуҷамбиё, Чорбоғ, Фурудгоҳ, 9 км), шаҳру ноҳияҳои Норак, Роғун, Ваҳдат,- бахусус Симиганҷ, Ромит, Файзобод, Дарбанд, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш, Рӯдакӣ, Варзоб, Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав, минтақаи Қаратоғ, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон (Ёвон, Хуросон, А. Ҷомӣ, Восеъ, Данғара, Балҷувон, Ховалинг, Кӯлоб, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, минтақаи Даштиҷум), шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд (Панҷакент, Айнӣ, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Шаҳристон, Истаравшан, Деваштич) ва шаҳру ноҳияҳои ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Хоруғ) бо сабаби ба амал омадани бориши бошиддат сар задани сел пешгӯӣ мешавад.

19 май дар ин минтақаҳо хавфи сар задани сел боқӣ мемонад. Ҳамчунин 18 май дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ бориши бошиддат бо раъду барқ ва жола дар назар буда, дар аксари ноҳияҳои доманакӯҳӣ то 7-9 дараҷа паст шудани ҳарорати рӯзонаи ҳаво пешгӯӣ мешавад.

Агентии обуҳавошиносии мамлакат огоҳ месозад, ки 17-19 май дар дарёҳои Зарафшон, Обихингоб, Сурхоб, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда (Варзоб, Лучоб, Харангон, Элок) баландшавии сатҳи об дар назар аст.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 16, 2024 18:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид