ҶОЙГОҲИ ХОССАИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Сиёсати давлатии ҷавонон дар замони истиқлоли давлатӣ густариши бештар ёфтааст

Май 23, 2024 10:51

ДУШАНБЕ, 23.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Сиёсати давлатии ҷавонон дар замони истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила густариш ёфта, ҳоло аз ҷойгоҳи хоссаи ин қишри созанда хабар медиҳад. Чунин нигоштааст президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода дар мақолааш  ба унвони АМИТ «Ховар» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон.

— Омӯзиши таҷрибаи нодири мактаби сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишони он аст, ки дар радифи дигар масъалаҳои муҳимми давлатдорӣ масъалаи ҷавонон ҷойгоҳи хосса дорад. Ҳанӯз аз рӯзҳои нахусти давлатдорӣ Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷомеа ба ин қишр ҳамчун неруи ояндасозу рушдбахшандаи миллату давлат такя намуданд.

Пешвои миллат ҳамеша аз вазъи мураккаби сиёсии минтақа изҳори андеша намуда, яке омилҳои асосии ин буҳрони сиёсиро дар истифодаи ҷавонони бетаҷриба ва ноогоҳ аз манфиатҳои миллӣ аз ҷониби қудратҳои манфиатҷӯйи хориҷӣ номиданд. Дар робита ба ин Сарвари давлат таъкид намудаанд, ки насли наврас ва ҷавони мамлакат набояд зиракии сиёсиро аз диҳад. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон ва дар руҳияи худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намудани онҳо чораҳои зиёди муассир дар амал татбиқ шуданд. Таҳлили таҷрибаи кишварҳои ба моҷарои сиёсӣ ва буҳронҳои ҷамъиятӣ гирифтор далели он аст, ки дар саргаҳи ин ҳама ноумедиҳо ва нооромиҳо истифодаи қишри бетаҷриба – ҷавонон аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатҷӯй қарор дорад. Бинобар ин зарур аст, ки ҷавонон бо силоҳи асосӣ ва шикастнопазир- маърифат мусаллаҳ бошанд. Танҳо маърифат дар муқобили тамоми падидаҳои номатлуби раванди ҷаҳонишавӣ ҷавононро аз гаравидан ба ҳаракатҳои тундрав ҳифз менамояд. Дар ин марҳилаи бархӯрди манфиатҳои геосиёсӣ ва геостратегии қудратҳои ҷаҳонӣ ҳамон миллат ва давлате пойбарҷо боқӣ мемонад, ки қаблан мафкураи насли наврас ва ҷавони он бо маърифат мусаллаҳ бошад.

Дар ин марҳилаи муҳимми давлатсозӣ, ки дар меҳвари он бунёди давлати мутамаддин қарор дорад, албатта, мафкура ва маънивиёти ҷомеа нақши асосиро иҷро менамояд. Расидан ба ҳадафҳои конститутсионӣ, махсусан бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз мафкураи насли наврас ва ҷавони мамлакат вобастагии зиёд дорад. Дар айни замон бо назардошти ҷалби ҷавонон ба омӯзиши асосҳои илму дониш бо ташаббуси Роҳбарияти олии мамлакат якчанд тадбири судманд амалӣ гардид. Бунёди садҳо муассисаҳои таълимӣ, махсусан зиёда аз 25 донишгоҳу донишкада ва дигар муассисаҳои илмию фарҳангӣ аз ҷумлаи табирҳои муассир барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа маҳсуб мешаванд. Ҷавононро имрӯз бояд дар руҳияи арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси миллӣ ва давлатдорӣ ба камол расонид.

Дар ин радиф ҷавононро зарур аст, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши илмҳои замона бештар рӯ биёранд. Баргузор намудани даҳҳо озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз ҷумлаи ташаббусҳои дигари Сарвари давлат дар роҳи ҷалби насли наврас ва ҷавони мамлакат ба маърифат ба шумор меравад. Бо баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ имрӯз ба назар мерасад, ки тамоми қишри ҷомеа рӯ ба китоб меорад.

Воқеан, давоми таърих миллати тоҷик китобдору китобхон буда, тавассути афкори ҷамъиятӣ ва фарзандони фарзонааш дар тамаддуни башарӣ нақши бориз гузоштааст. Имрӯз ҷавонони моро зарур аст, ки бо пайравӣ аз бузургони илму адаби тоҷик, ба монанди Ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ, Ҷобир ибни Ҳайён, Муҳаммади Ғаззолӣ, Умари Хайём, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрав ва Донишу Айнӣ, ки ҳамагӣ дар синни ҷавонӣ бо афкору дониши хеш маъруфу машҳур гардидаанд,  пайи аз худ намудани илмҳои замонавӣ бошанд.

Дар раванди ҷаҳонишавӣ зарур аст, ки мафкураи илмии ҷавонон барои дар амал татбиқ намудани илм дар истеҳсолот баланд бардошта шавад. Моро зарур аст, ки бо истифода аз шароити созгору мусоиди фароҳамовардаи роҳбарияти олии мамлакат ҷавононро ба аз худ намудани илмҳои дақиқ бештар ҷалб намуда, ба ин васила масъалаҳои мубрами ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоиро ҳал намоем.

Дар айни замон яке аз муассисаҳои бузургтарини мамлакат барои  омода намудани олимони ҷавон Академияи миллии илмҳо маҳсуб мешавад, ки бо сохтору ниҳодҳои худ имрӯз фаъолияти густурда ва самаранок пеш мебарад. Ин муассисаи бузурги илмӣ, ки олимону муҳаққиқони варзидаи мамлакатро ба ҳам овардааст, дар омода намудани кадрҳои илмӣ аз ҳисоби ҷавонон нақши бориз дорад. Вале бо ин шумора ва сифат мо қаноат накарда, барои боз ҳам ҷалб намудани ҷавонон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, махсусан дар самти илмҳои дақиқ тадбирҳои зарурӣ меандешем. Шарту шароит ва имконоти фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат, махсусан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз моро вазифадор менамояд, ки барои ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзиш ва аз худ намудани илмҳои дар истеҳсолот зарурӣ тадбирҳои мушаххасу саривақтиро дар амал татбиқ намоем. Рисолати воқеии ҳар зиёӣ дар ин раванди бисёр муҳимму сарнавиштсози давлатдорӣ, пеш аз ҳама, дар ҷалби ҷавонон ба илму дониш ва омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи сатҳи байналмилалӣ зоҳир мегардад. Имрӯз мо тасмим гирифтаем, ки дар заминаи тамоми ниҳодҳои соҳавии илмии Академияи миллии илмҳо аз ҳисоби олимони ҷавон таҳқиқоти илмиро боз ҳам густариш бахшем.

Ҳамин тавр, танҳо илму дониш воситаи рушди ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати онҳо шуда метавонад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳо аз ҷавонон даъват ба амал меоранд, ки ҳарчи зиёдтар илму дониш аз худ намуда, дар рушди босуботи мамлакат саҳм гузоранд. Дар робита ба ин дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва намояндагони дин Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан аксар кишварҳои исломӣ хуб дарк кардаанд, ки ягона омили наҷотбахши инсоният илм ва рӯ ба илмомӯзӣ овардани насли ҷавон мебошад».

Рушди босуботи Тоҷикистон маҳз аз пешрафти илму техника вобаста буда, ҷалби ҷавонону наврасон ба илму дониш ва касбу ҳунар бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳамаи аҳли ҷомеа, махсусан падару модарон қарор гирад. Маҳз илму дониш кафили тавонмандии миллату давлат дар сатҳи ҷаҳон ба шумор меравад.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 23, 2024 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насруло дар ин хусус
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд