Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Осорхонаи миллӣ сайри осорхонавӣ ташкил гардид
ДУШАНБЕ, 06.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Конститутсия – пойдевори давлати ҳуқуқбунёд» таҳти чунин унвон дар толори «Истиқлоли давлатӣ» -и Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия сайри осорхонавӣ ташкил карда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Бояд гуфт, ки ба ифтихори ҷашни 31 — солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Осорхонаи миллӣ то 6 ноябр барои меҳмонон сайри осорхонавии ройгонро дар толори «Истиқлоли давлатӣ» баргузор менамояд.
Дар ҷараёни баргузории сайри осорхонавӣ, аз ҷониби мутахассисони шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллӣ оид ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурати қабули он, давраҳои таърихии ворид намудани тағйиру иловаҳо, аҳамияти таърихӣ ва иҷтимоии он маълумоти мукаммал пешниҳод гардид.
Таъкид шуд, ки Конститутсия барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон на танҳо маҷмӯи қонунҳо, балки рамзи истиқлолият, сулҳ ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Ба иштирокдорони сайри осорхонавӣ гӯшаи доимоамалкунандаи муқаддасоти миллӣ, ки дар он Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба экспозитсия бароварда шудааст, муаррифӣ гардид.
Роҳбаладон нақши боризи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳияи лоиҳаи Конститутсия ва роҳбарии Комиссияи конститутсионӣ махсус таъкид намуданд.
Гуфта шуд, ки 6 ноябри соли 1994 нахустин маротиба дар таърихи давлатдории навини тоҷикон раъйпурсии умумихалқӣ барои қабули Конститутсия баргузор шуд, ки беш аз 87 фоизи шаҳрвандон лоиҳаро ҷонибдорӣ намуданд. Ин дастгирии мардум аз Конститутсия далели эътимоди комили халқ ба ислоҳоти конститутсионӣ буд.Баъди қабули Конститутсия, бо талошҳои Сарвари давлат ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, кишвар ба марҳалаи нави рушд ворид шуд. Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, ки дар солҳои 1999, 2003 ва 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ амалӣ шуданд, ба такмили давлатдорӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ мусоидат намуданд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо маҷмӯи қонунҳо, балки як унсури асосӣ рушди ҷомеа буда, ҳамроҳи он рушд карда, ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар як шаҳрвандро кафолат медиҳад ва ҳамчун пойдевори устувори сулҳ, субот ва шукуфоии кишвар хизмат менамояд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад






