«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Нимаи дуюми моҳи ноябр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад

Ноябрь 3, 2025 09:52

ДУШАНБЕ, 03.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми моҳи ноябр бо иштироки 434 довталаб аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар даври чоруми озмун 74 довталаб аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 90 нафар аз вилояти Суғд, 90 нафар аз вилояти Хатлон, 90 нафар аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 90 довталаб аз шаҳри Душанбе дониш меозмоянд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  соли ҳафтум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар байни аҳолии мамлакат баргузор мегардад.

Озмун байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, омӯзгорони ҳама зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат гузаронида мешавад.

Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тағйиру иловаҳо ворид гардида, соли 2025 номинатсияи эҷоди назм ва наср тибқи хулоса ва пешниҳоди коршиносон аз низомнома берун карда шуд. Ҳамзамон барои боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории озмун ва ҳавасмандсозии бештари иштирокчиён бо дастури Роҳбари давлат ба Низомномаи озмун дар соли 2025 навгониҳо ворид карда шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 3, 2025 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид