Ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» Оқилбой Гадоев: «Эҳтиром ба давлату миллат аз оила оғоз меёбад»

Май 15, 2024 16:05

ДУШАНБЕ, 15.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 15 май Рӯзи байналмилалии оила таҷлил мегардад. Оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад. Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрӯзаи ҷомеа бунёди оилаву ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад, ки ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт ва ҷараёни инкишофи инсон ва рушди ҷомеа вобаста мебошад. Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Ҳамин паҳлуҳоро ба назар гирифта, давлату Ҳукумати мамлакат барои пойдории оилаҳо ва баланд бардоштани мақому манзалати оилаҳои намунавӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Қабул гардидани якчанд барномаву стратегия ва консепсияҳои давлатӣ дар самти таҳкими заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии оила, аз ҷумла Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2027, Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат дар самти таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоии оила мебошанд.

Инчунин баргузор намудани озмунҳои гуногун дар сатҳи вилоят, шаҳр, ноҳия ва ҷумҳурӣ ба пойдории оила мусоидат менамояд. Яке аз чунин озмунҳо- Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» мебошад.

Тавре қаблан иттилоъ додем, даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» 11 май бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун бо Шоҳҷоиза, Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Шоҳҷоизаи озумун насиби оилаи Оқилбой Гадоев аз шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд гардид.


Ӯ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки бо ташаббусу дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи самтҳои гуногуни илму маърифат, тандурустиву кишоварзӣ ба ҳаёти оиладорӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Воқеан, дар ташаккули андешаи миллӣ ва таҳкими истиқлол нақши оила хеле бузург аст. Яке аз далелҳо- ин иқдоми пешгирифтаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» мебошад. Маҳз бо шарофати иқдоми созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати соҳибистиқлоли мо рӯз ба рӯз зебою шукуфон ва сатҳи худшиносию худогоҳии аҳли ҷомеа боло рафта, оилаҳо дар фазои тинҷиву оромӣ зиндагонӣ доранд. Ҳамзамон дар ҷавоб ба ин дастгириҳои давлату Ҳукумат талош бар он менамоянд, ки насли оқилу доно ва ватандӯст тарбия намоянд. Зеро эҳтиром ба давлату миллат аз оила оғоз меёбад.

Оқилбой Гадоев омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик буда, фаъолияташро соли 1983 оғоз намудааст. Оиладор, соҳиби чор фарзанди соҳибмаълумот мебошад. Аз соли 1997 инҷониб узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад. Аз соли 2021 Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Мавсуф фаъолияти чилсолаи омӯзгорӣ дорад. Аз соли 2011 инҷониб дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 шаҳри Истиқлол ҳамчун омӯзгор фаъолият менамояд. Шогирдонаш 3 маротиба дар олимпиадаҳои вилоятӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд.

Дар суҳбат бо мо Оқилбой Гадоев бо ифтихор иброз дошт, ки ба синну сол нигоҳ накарда, солҳои 2022-2023 дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи номинатсияи «Эҷоди назму наср» (бахши наср) дар вилоят ҷойҳои дуюму сеюм ва дар ҷумҳурӣ ҷойи ифтихориро ишғол намудааст.


Ӯ чандин маротиба бо сипосномаҳои Раиси шаҳри Истиқлол, Раиси вилояти Суғд ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрдонӣ гардидааст.

Ҳамсуҳбати мо Оқилбой Гадоев ҳамчун сарвари оила ба тарбияи фарзандон низ эътибори зарурӣ додааст.

Ӯ мегӯяд, ки кӯшиш ба харҷ дод, то ҳамаи фарзандон: се писар ва як духтар дар ҷомеа танҳо кори нек ба сомон расонанду номбардори падару модари хеш бошанд. Аз ҳамин сабаб ҳамаи онҳо соҳиби маълумоти олӣ мебошанд. Ҳамсараш Чеҳвар Гадоева низ соҳиби маълумоти миёнаи махсус буда, аз соли 2007 инҷониб ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар шаҳри Истиқлол фаъолият дорад.

Оқилбой Гадоев изҳор намуд, ки ҳамсараш низ дар чорабиниҳои мактабӣ, ҷашнвораҳои шаҳрӣ, солҳои 2020-2021 дар номинатсияи «Адабиёти бачагона» дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок дошта, сазовори ҷои якум ва Сипосномаи Раиси шаҳри Истиқлол гардидааст. Инчунин барои тарбияи хуби фарзандон бо Сипосномаи Раиси шаҳри Истиқлол сарфароз гардонида шуда, соҳиби Дипломи дараҷаи 1-и олимпиадаи байналмилалӣ барои омода намудани шогирдаш мебошад.

Писари якуми ин оила Осими Оқил баъди хатми муассисаи олии таълимӣ бо роҳхат дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамчун ассистент ба фаъолият шуруъ намуда, то ба сатҳи дотсентӣ расидааст. Ҳамчунин солҳои 2011-2012 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбӣ намуда, ҳоло ҳамчун афсари эҳтиётӣ дорои рутбаи ҳарбии лейтенант мебошад.

Осим дорандаи 3 нахустпатенти ихтироот ва як шаҳодатномаи ҳифзи моликияти зеҳнӣ, муаллифи зиёда аз 60 мақолаи илмӣ, ки дар журналҳои илмии байналмилалӣ дар Федератсияи Русия, Қирғизистон, Узбекистон ва Қазоқистон нашр гардидаанд, мебошад.

Писари дуюми Оқилбой Гадоев хатмкардаи факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мебошад. Муҳаммадиқболи Оқил баъди хатми он фаъолияти меҳнатиро дар Кохи фарҳанги шаҳри Истиқлол ва ҳамчун омӯзгори фанни суруд ва мусиқӣ дар муассисаи №6 оғоз намуд. Хизмати Ватан-Модарро солҳои 2010-2012 дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонидааст.

Муҳаммадиқболи Оқил дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ғолиб омада, барои гиромидошт ва тарғиби анъанаҳои арзишманди миллӣ ва маҳорати баланди ровигӣ бо Дипломи дараҷаи 1-и Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сарфароз гардонида шуд. Ҳамчунин дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» (номинатсияи шоирӣ) ҳамчун ровӣ сохиби Диплом гардид. Инчунин барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ бо чандин Сипосномаи Раиси шаҳри Истиқлол ва сардори Кохи фарҳанги шаҳр қадрдонӣ шудааст.

Писари сеюми ин оила Одили Оқил хатмкардаи факултети рассомӣ-графикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (соли 2013) бо дипломи сурх мебошад. Солҳои 2015-2016 дар маркази таълимии тайёрии кадрҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хизмати Ватан-Модар буд. Фаъолияти меҳнатиро соли 2012 дар мактаби №6 чун омӯзгори фанни санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ оғоз намудааст.

Духтари ин оила Паричеҳра Оқил низ касби падару модарро интихоб карда, хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо ихтисоси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик мебошад. Фаъолияти кориро ҳамчун омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик соли 2019 дар муассисаи таълимии №6-и шаҳри Истиқлол оғоз намуда, то ҳол дар ҳамин муассиса фаъолият менамояд.

Бояд гуфт, ки барои ғолиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» гардидани оилаи Оқилбой Гадоев маҳз саҳми босазо гузоштан дар тарбияи фарзандон ва дар ниҳоди онҳо парваридани меҳри беандоза нисбат ба Ватани ягонаамон- Тоҷикистони азиз мусоидати фаъол намудааст. Зеро се писари ин хонадон бо амри дил ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқонаву сарбаландона хизмат намудаанд.

Ин амали онҳо имрӯз ин оиларо дар Тоҷикистон номдору сарбаланд ва ба унвони «Оилаи намунавӣ» мушарраф гардонидааст.

Шарафи дигаре, ки имрӯз ин оиларо ёр гардида, онҳоро муътабар гардонидааст, ин аст, ки аҳли ин хонадон ҳама дорои касби пуршарафи омӯзгорӣ мебошанд. Сарвари ин хонадон ҳамроҳ бо ҳамсар ва фарзандон рисолати асосӣ- тарбияи насли наврасро дар руҳияи дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба рамзҳои муқаддаси миллӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти давлату миллат, ҳифзи марзу буми мамлакат содиқона анҷом медиҳанд. Ин аст рисолати баланди шаҳрвандӣ, ватандӯстӣ ва оиладорӣ, зеро эҳтиром ба давлату миллат аз оила оғоз меёбад!


Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» тибқи «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, иду озмунҳои фарҳангиву маърифатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 тасдиқ гардидааст, дар се давр гузаронида шуд.

Даври якуми он дар сатҳи маҳал, шаҳру ноҳияҳо бо муайян намудани оилаи намунавӣ аз маҳалла, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, шаҳру ноҳияҳо аз 10 то 27 апрели соли 2024 баргузор гардид. Даври дуюми озмун дар сатҳи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 29 апрел то 4 майи соли 2024 доир шуд.

Дар ҷараёни озмун 10 кӯдак аз оилаҳои камбизоат соҳиби шаҳодатномаи таваллуд гардида, инчунин маросими давлатии қайди ақди никоҳи 10 навхонадор аз шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба гирифтани Шоҳҷоизаи озмун оилаи Оқилбой Гадоев аз шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд сазовор гардид.

Ҷойи якум ба оилаи Талабхӯҷа Нозимов аз шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, ҷойи дуюм ба оилаи Саидаҳмад Шеров аз ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва оилаи Шоин Мастонов аз ноҳияи Роштақалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дода шуд.

Оилаи Муқимҷон Гиёев аз ноҳияи Рашт, оилаи Ҳабибулло Султонов аз ноҳияи Рӯдакӣ ва оилаи Бобоназар Мирзоев аз ноҳияи Файзобод ҷойи сеюмро сазовор гардиданд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии Оқилбой Гадоев

Май 15, 2024 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ДОНИШ АНДАР ДИЛ ЧАРОҒИ РАВШАН АСТ! Соли нави таҳсил бо шунидани суханони ҳикматомӯзи Пешвои миллат оғоз меёбад
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо баргузор мешаванд
НАЗАРИ КОРШИНОС. Тағйирёбии иқлим ба нобаробарию ҷанги сард замина мегузорад
ИЛМУ МАЪРИФАТ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТРО ҶОВИДОН ГАРДОНИДА, ОНРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД. Назари президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин мавзуъ
ПАГОҲ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ОҒОЗ МЕЁБАД. Оё шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо китобҳои дарсӣ таъминанд?
МУТОБИҚАТИ НИЗОМИ БИСЁРЗИНАГИИ ТАҲСИЛ БА МЕЪЁРҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳои ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ин хусус
Эмомалӣ Раҳмон: «Хонед, омӯзед, аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат самаранок истифода баред. Ояндаи Тоҷикистон ва тақдири давлату миллат дар дасти шумост!».
ХИЗМАТҲОИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин хусус
Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 қабул гардид
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Имрӯз ба 120 зан — ғолиби лоиҳаҳо диплом супорида шуд
Дар Тоҷикистон доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ-ПУРАРЗИШТАРИН ДАСТОВАРД. Ин неъмати бузург ба мо нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ овард