Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад

Октябрь 27, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 27.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши робитаҳои дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти илм ва технология имрӯз дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти  президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо муовини директори генералии Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Хушэнг Сю баррасӣ гардиданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, дар вохӯрӣ ҷонибҳо ба масъалаҳои ба роҳ мондани таҳқиқоти муштарак дар соҳаҳои энергетика, геология, сейсмология, ҳифзи муҳити зист, омӯзиши захираҳои табиӣ, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Ҳамчунин имкониятҳои ташкили ҳамоишу конференсияҳои муштараки илмӣ, сафарҳои омӯзишии олимону муҳаққиқон, табодули таҷрибаи мутахассисон ва ҷалби муҳаққиқони ҷавон ба барномаҳои байналмилалии илмӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Иброз гардид, ки густариши ҳамкорӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмию таҳқиқотии ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур метавонад барои рушди таҳқиқоти илмӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои технологӣ, таҳкими иқтидори илмӣ ва татбиқи натиҷаҳои таҳқиқот дар истеҳсолот мусоидат намояд.

Ҳамзамон дар мулоқот мусоҳибон барои бунёд ва мавриди истифода қарор додани озмоишгоҳи наву замонавӣ дар заминаи Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и академия ба мувофиқа расиданд.

Таъкид шуд, ки таъсиси озмоишгоҳ барои таҳкими заминаи моддию техникии марказ, фароҳам овардани шароити мусоид барои анҷом додани таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи экология ва ҳифзи муҳити зист, гузаронидани ташхису таҳлилҳои муосири озмоишгоҳӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои илмию таҳқиқотӣ аҳамияти муҳим дорад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 

 

Октябрь 27, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд