Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» баргузор гардид. Ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун «Диплом»—у «Сипоснома»-ҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин академия.
Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Заррина Абдумаликзода ва муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода доир ба аҳамияти баргузории озмун, нақши занон дар низоми хизмати давлатӣ, зарурати фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти касбӣ ва роҳбарии онҳо ибрози назар намуданд.
Таъкид шуд, ки дастгирии занон, баланд бардоштани мақому манзалати онҳо ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои иштироки фаъолонаашон дар идоракунии давлатӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Баргузории чунин чорабиниҳо барои муаррифии таҷрибаи пешқадам, таҳкими малакаҳои роҳбарӣ ва ҳавасмандгардонии занони хизматчии давлатӣ бағоят муҳим аст.
Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» соли чорум аст дар ҷумҳурӣ баргузор мешавад ва ба яке аз иқдомҳои муҳими ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии занони хизматчии давлатӣ табдил ёфтааст.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд






