Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд

Октябрь 27, 2026 16:25

ДУШАНБЕ, 27.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 19 то 23 октябр дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия иҷлосияи 54-уми Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ баргузор гардид, ки дар кори он намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар доираи иҷлосия ҷаласаҳои пленарӣ ва чорабиниҳо баргузор шуданд, ки дар он масъалаҳои мубрами таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани устувории низомҳои озуқаворӣ, татбиқи тавсияҳои байналмилалӣ дар соҳаи сиёсати озуқаворӣ ва ғайра  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон дар доираи иҷлосия муовини якуми раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Ширинҷонзода бо директори Маркази ҳамоҳангсозии системаҳои ғизои Созмони Миллали Муттаҳид Карлос Уотсон мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолият ва дурнамои ҳамкории минбаъда барои соли 2027 табодули афкор намуданд.

АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 27, 2026 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд