Озарбойҷон ҳамкориро бо вилояти Хатлони Тоҷикистон тақвият медиҳад
ДУШАНБЕ, 08.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаъмияти дорои масъулияти маҳдуди «АПК Азерпамбиг»-и Ҷумҳурии Озарбойҷон нақша дорад, ки аз кишоварзони вилояти Хатлон пахта харидорӣ намояд. Ин матлаб зимни вохӯрии Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари ҶДММ «АПК Азерпамбиг»-и Ҷумҳурии Озарбойҷон Фахри Мехтиев баён гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Раиси вилоят иброз дошт, ки пахтакорӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи кишоварзии вилоят ба шумор рафта, кишоварзон солона то 300 000 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ менамоянд, аммо солҳои охир нархи пахта талаботи деҳқононро қонеъ намесозад.
Гуфта шуд, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «АПК Азерпамбиг» 25 майи соли 2018 барои амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи пахтакорӣ таъсис дода шудааст. Самти асосии фаъолияти корхона истеҳсоли пахтаи хом, нахи пахта ва маҳсулоти пахтагӣ мебошад.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда барои истеҳсоли пахтаи хом, нахи пахта ва маҳсулоти пахтагӣ ҳамкориро шуруъ намоянд. Инчунин доир ба таҳким ва густариши робитаҳои дуҷониба, аз ҷумла тавсеаи ҳамкорӣ дар рушди иқтисодии дуҷониба ҳавасмандиашонро баён доштанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






