Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
ДУШАНБЕ, 10.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон бо иштироки профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳани Чин даври омӯзишӣ оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Даври омӯзишӣ дарсҳои назариявӣ ва амалиро дар бар гирифта, инчунин иштирокдорони он бо фаъолият ва иқтидори истеҳсолии корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон, аз қабили «Вахдат текстил», «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил», «Гулистони Душанбе» ва «Арвис» аз наздик шинос мешаванд.
Ҳадаф аз баргузории даври омӯзишӣ табодули таҷриба, рушди инноватсионии саноати нассоҷии ватанӣ, омӯзиши таҷрибаи идоракунии истеҳсолоти корхонаҳои нассоҷии муосири чинӣ ва натиҷаҳои охирини таҳқиқоти нассоҷӣ бо корхонаҳои марбутаи нассоҷии Тоҷикистон, баланд бардоштани иқтидори идоракунии истеҳсолии корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон, мусоидат ба рушди саноати нассоҷии мамлакат, фароҳам овардани майдон барои намоишгоҳ ва табодули мутахассисони соҳаи нассоҷии Чин ва Тоҷикистон, дар маҷмуъ мусоидат ба густариши ҳамкорӣ ва табодули таҷриба байни Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи нассоҷӣ мебошад.
Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан яке аз аввалин донишгоҳҳои Чин аст, ки «Лоиҳаи асосӣ барои баланд бардоштани иқтидори донишгоҳҳои марказӣ ва ғарбӣ»-ро таъсис додааст.
Донишгоҳ то охири соли 2022 зиёда аз 100 лоиҳаи кумаки берунаро татбиқ намудааст. Дар доираи татбиқи ин тарҳҳо дар мавзуъҳои гуногун- оид ба глобализатсияи иқтисодӣ, таҳкими иқтидор дар савдои байналмилалӣ барои кишварҳои дар ҳоли рушд, глобализатсияи иқтисод ва интиқоли саноат, глобализатсияи иқтисодӣ ва истеҳсолот дар Чин, мусоидат ба савдо барои давлатҳои дар ҳоли рушд, коркарди пахта, нассоҷӣ ва савдо барои мамлакатҳои дар ҳоли тавсеа, оид ба идоракунии истеҳсоли нассоҷӣ ва ғайра даврҳои омӯзишӣ ва ҳамоишҳо гузаронида шуданд, ки дар онҳо беш аз 2000 ходимони давлатӣ ва кормандони техникӣ аз 90 давлати дунё иштирок намудаанд.
Даври омӯзишӣ барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон то 20 май идома меёбад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар ноҳияи Шаҳринав 947 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Бонки «Амонатбонк» ва Хадамоти иҷро нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез бо иштироки ҷавонон ҳамоиш доир гардид
Соли 2025 хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз олимпиадаҳо 2 ҳазору 447 медал ба даст оварданд






