«ПУЛИ ЗАБОНИ ЧИНӢ». Хонандаи тоҷик Ёқубҷон Ғуломов ғолиби озмун дониста шуд

Май 9, 2024 09:37

 ДУШАНБЕ, 09.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии даъвати 17-уми озмуни ҷаҳонии «Пули забони чинӣ» байни хонандагони Тоҷикистон дар соли 2024 баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Таъкид шуд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар замони муосир яке аз талаботи давр гардидааст. Ҳамасола ин озмуни ҷаҳонӣ баргузор карда мешавад, ки дар он донандагони забони Чин қобилияти забондонӣ ва ҳунару истеъдоди хешро ба намоиш гузошта, бо ин роҳ донишу малакаашонро такмил медиҳанд.

Озмуни ҷаҳонии “Пули забони чинӣ” чорабинии муҳим дар саросари ҷаҳон мебошад, ки аз соли 2002 бо дастгирии Маркази ҳамкории байналмилалии Чин бо хориҷи мамлакат дар самти забономӯзӣ баргузор мешавад.

Дар даври интихобии озмун 39 хонанда аз чанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок намуда, 8 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтанд. Дар даври ниҳоии озмун пас аз рақобати шадид хонандаи синфи 11 аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 42-и шаҳри Душанбе Ёқубҷон Ғуломов ғолиби ҷои аввал, хонандаи  синфи 9 аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 43-шаҳри Душанбе Мазҳаб Наҷмиддинзода ғолиби ҷои дуюм ва хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и шаҳри Бустон Фарангиз Зоирова ғолиби ҷои сеюм гардиданд.

Ғолибони озмун бо Ифтихорнома ва мукофот қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Май 9, 2024 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад