Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Озарбойҷон оғоз мегарданд

Май 20, 2024 14:36

ДУШАНБЕ, 20.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон оғоз мегарданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги мамлакат.

Аҳли фарҳанги мамлакат, иборат аз 110 ҳунарманд таҳти роҳбарии Вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ба Озарбойҷон сафар намуд.

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Озарбойҷон то 23 май идома меёбанд. Дар доираи он барномаи консертӣ, намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, санъати тасвирӣ ва намоиши аксҳои манзараҳои зебои Тоҷикистон доир мегардад.

Ҳамчунин дар доираи рӯзҳои фарҳангӣ Рӯзҳои китоби тоҷик низ доир мешаванд.

23 май дар шаҳри Ганҷа барномаи фарҳангии ҳунармандони тоҷик пешниҳод мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 20, 2024 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид