РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дастаи футболбозони иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии Бохтар соҳиби Ҷом, медал ва Ифтихорнома шуд

Май 25, 2024 18:19

БОХТАР, 25.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол байни дастаҳои иттифоқҳои касабаи вилоят мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд доир гардид, ки дар он 8 даста иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иттилоъ доданд.

Дастаи футболбозони иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо нишон додани маҳорати баланди касбӣ барандаи Ҷоми мусобиқа гардид.

Бояд гуфт, ки дар бозии финалии мусобиқа дастаи футболбозони Иттифоқи касабаи донишгоҳ бо дастаи футболбозони Иттифоқи касабаи соҳаи нақлиёти вилоят рақобат намуд. Бозӣ бо ҳисоби калони 18:6 бо пирӯзии дастаи Иттифоқи касабаи донишгоҳ анҷом ёфт.

Дар охир дастаи футболбозони Иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии Бохтар бо Ҷом, медал, Ифтихорномаи Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ гардид.

АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Май 25, 2024 18:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд