Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба 2 дидбонгоҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин кумак расониданд

Май 27, 2024 09:06

ДУШАНБЕ, 27.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 30- солагии  таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба дидбонгоҳҳои «Саломалек» ва «Боғ»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин кумак расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар доираи ин кумакҳо барои сарбозон дастархон ороста шуда, 13 тонна маводи ғизоӣ кумак ва ду автомобили дигар туҳфа карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки 28 майи соли 1994 бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати қӯшунҳои сарҳадӣ таъсис ёфт.Тибқи қонунгузории мамлакат, ҳамасола 28 май Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷашн гирифта мешавад.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва азму талошҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯзҳо баҳри ҳимояи хоки муқаддаси Ватан шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ беҳтар гардида, рӯз то рӯз вазъи иҷтимоиву иқтисодии хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла сарҳадбонон беҳтар мегардад.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Май 27, 2024 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд