Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон татбиқи лоиҳаи «Барномаи рушди маблағгузорӣ дар асоси дороиҳои манқул»-ро муҳим номид

Май 27, 2024 16:55

ДУШАНБЕ, 27.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Татбиқи лоиҳаи «Барномаи рушди маблағгузорӣ дар асоси дороиҳои манқул (Assets based Finance — ABF)» дар мулоқоти маҷозии муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо намояндагони Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Сироҷиддин Икромӣ аз саҳми IFC дар тақвияти идоракунии корпоративӣ дар низоми бонкӣ, такмили махзани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мусоидат дар рушди хизматрасонии молиявии муосири рақамӣ сухан намуда, татбиқи ин лоиҳаро дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуд. Таъкид шуд, ки татбиқи ин тарҳ метавонад дастрасии молиявиро барои соҳибкории хурду миёна аз ҳисоби такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, технологӣ ва экосистемаи институтсионалии ABF васеъ намояд.

Ҷониби IFC барои муайян кардани модели мувофиқ барои ҷорӣ намудани платформаи электронӣ бо назардошти талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамояшро бо пешниҳоди моделҳои гуногун муаррифӣ намуд.

Дар мулоқот оид ба корҳои аҷомдода, мушкилиҳои ҷойдошта ва банақшагирии истифодаи Феҳристи ягонаи давлатии уҳдадориҳои таъминшуда (махзани ягонаи иттилоотии электронии уҳдадориҳои таъминшуда) баҳри ҷорӣ намудани Платформаи миллии электронӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи ABF шунида шуд.

Истифода аз таҷрибаҳои фаъоли давлатҳои Туркия, Чин ва Мексика дар ин самт қобили қабул арзёбӣ карда шуд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Май 27, 2024 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1198 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8300 то 11.0243 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1195 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст