«САНОАТИКУНОНӢ ДАР МАСИРИ РУШД». Таҳти чунин унвон дар Суғд конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 29.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бунёди беш аз 700 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо зиёда аз 14 ҳазор ҷойи нави кор ба нақша гирифта шудааст. Ин матлаб 28 май зимни баргузории конфронси илмӣ — амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Саноатикунонӣ дар масири рушд» бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баён гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Пеш аз оғози конфронс 35 корхонаи саноатии вилоят ва хоҷагиҳои ёрирасони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсулоташонро ба маърази тамошо гузоштанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иброз намуд, ки тибқи нақша соли 2024 ба истифода додани 140 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 3000 ҷойи нави кор пешбинӣ гардидааст. Дар чор моҳи соли 2024 дар вилоят 53 корхонаву коргоҳи нав бо 377 ҷойи нави кор ба фаъолият шуруъ намуд. Корхонаҳо асосан дар соҳаҳои саноати сабук, кимиё, масолеҳи бинокорӣ ва хӯрокворӣ таъсис дода шуда, ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда нигаронида шудаанд.
Гуфта шуд, ки дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат ва дар натиҷаи амалисозии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат имкон фароҳам оварда шуд, ки дар ҷумҳурӣ беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи кор ба истифода дода шавад.
Иштирокдорон иброз намуданд, ки рушди соҳаи саноат ба таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави кори мавсимиву доимӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он, ҳамзамон баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ асос мегузорад. Бо назардошти ин, саноатикунонии босуръат ва аз давлати аграрӣ – индустриалӣ ба мамлакати индустриалӣ – аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ҳадафи чоруми миллӣ қабул гардидааст.
АКС: хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






