Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ: «Мардуми Тоҷикистон дар симои хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳомиёни содиқи марзи Ватан ва муҳофизони боэътимоди оромиву осудагии ҷомеаро мебинанд»
ДУШАНБЕ, 28.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба муносибати 30-юмин солгарди таъсиси Қушунҳои сарҳадӣ паради ҳарбӣ баргузор гардид. Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар паради ҳарбӣ таъкид намуданд, ки «ҳифзу ҳимояи сарҳади давлатӣ, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии давлат ба зиммаи Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамчун ҷузъи муҳимми Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол гузошта шудааст. Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ин масъулияти бузурги шаҳрвандӣ ва рисолату қарзи муқаддаси фарзандии худро аз оғози таъсиси ин сохтори низомӣ то имрӯз бошарафона анҷом дода истодаанд».
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханронӣ бо муроҷиат ба сарҳадбонон иброз намуданд, ки «натиҷаи хизмати содиқона ва нангу номуси шумост, ки имрӯз давлат ва мардуми Тоҷикистон дар симои хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳомиёни содиқи марзу буми Ватан, муҳофизони боэътимоди оромиву осудагии ҷомеа ва дастовардҳои даврони истиқлоли давлати тоҷиконро мебинанд ва қадрдонӣ мекунанд».
Гуфта шуд, ки қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар таърихи начандон дарози мавҷудият бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба яке аз сохторҳои неруманду муназзами Қувваҳои Мусаллаҳ мубаддал гардида, ҳоло бо асосҳои мустаҳками моддиву техникӣ, шароити муосир ва муҳимтар аз ҳама, ҳайати фармондеҳӣ ва мутахассисони баландихтисоси низомӣ таъмин мебошанд.
Бояд гуфт, ки эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ ва дӯст доштани хоки Ватан аз ҷумлаи арзишҳои муқаддас ва суннатҳои бостонии миллати тоҷик мебошад ва тамоми фарзандони қаҳрамони халқамон, ки мо имрӯз ному корномаи онҳоро бо ифтихор ба ёд меоварем, маҳз фидокорони роҳи ҳимояи марзу буми Ватан ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ буданд.
Маҳз ба ҳамин хотир зарур аст, ки ҳар сарбозу афсар, аз ҷумла марзбонони шуҷоъ моҳияти ватандӯстӣ ва истиқлолу соҳибихтиёриро амиқан дарк намоянд ва бо ҷону дил эҳсос кунанд, ки Ватан – Модар мафҳумҳои муқаддас ва истиқлолу озодӣ неъмати бузург барои ҳар яки мо мебошанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






