Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид

Май 11, 2024 13:55

ДУШАНБЕ, 11.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи Конститутсия давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф шудааст, аз рӯзҳои аввали расидан ба истиқлоли давлатӣ барои фаъолияти бисёрҳизбӣ заминаҳои мусоиди меъёрию ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.

Ин аст, ки давоми беш аз се даҳсола ҳизбҳои сиёсӣ аз рӯи меъёрҳои баробарҳуқуқӣ фаъолият дошта, дар рушди соҳаҳои гуногуни кишвар саҳми назаррас мегузоранд.

Дар чунин як фазои мусоид 11 майи соли ҷорӣ Ҳизби демократи Тоҷикистон зери роҳбарии муовини аввали раиси ҳизб Аҳмадшоҳ Комилзода Анҷумани ғайринавбатии худро баргузор намуд.

Бо назардошти он ки, тибқи хулосаи шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон, фаъолияти ҳизб дар давраи солҳои 2022-2024 ғайриқаноатбахш эътироф гашт, пешниҳод шуд, ки дар ҳайати роҳбарикунандаи ҳизб тағйирот ворид карда шавад.

Дар ҳамин замина, вакилони анҷуман номзадии се нафар — Шаҳбози Аброр, Ҷаббор Юлдошев ва Илёсиддин Саидҷаъфаровро ба мақоми раиси ҳизб пешниҳод намуданд. Илёсиддин Саидҷаъфаров ихтиёран номзадиашро бозхонд намуд. Аз ҳайати умумии вакилон, ки 94 нафарро ташкил медод, 64 нафар ба тарафдории Шаҳбози Аброр ва 8 нафар ба ҷонибдории Ҷаббор Юлдошев овоз доданд.

Ҳамин тариқ, дар асоси овоздиҳии кушод Шаҳбози Аброр бо касби теъдоди бештари овозҳо раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид.

Ҳамчунин бо пешниҳоди вакилони анҷуман ва дар асоси овоздиҳӣ Аҳмадшоҳ Комилзода муовини аввал ва Зӯҳро Мирзоева муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 11, 2024 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар