СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 11.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тақвияти волоияти қонун ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеа яке аз омилҳои асосии пешрафт ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ мебошад. Ин нукта дар ҳамоише, ки дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» бо мақсади дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024 доир гардид, баён шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш кормандони корхона, Прокурори нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Музаффар Юсуфӣ ва намояндаи масъули Вазорати корҳои дохилии мамлакат доир ба таҳкими масъалаҳои волоияти қонун дар ҷомеа, аз байн бурдан ва мубориза бо зуҳуроти номатлуби ҷомеа, ки дар вохӯрии Пешвои миллат бо фаъолони ҷумҳурӣ ва ходимони дин 9 марти имсол матраҳ гардида буданд, ибрози назар намуданд.
Таъкид гардид, ки Пешвои миллат дар ин вохӯрӣ ба муҳимтарин масъалаҳои доғи рӯз дахл намуданд, ки ҳалли онҳо масъулияти бештареро аз ҷомеа ва мақомоти марбутаи мамлакат тақозо менамояд. Такид шуд, ки мубориза бо зуҳуроти номатлуб, аз қабили терроризму ифротгароӣ, роҳ надодан ба исрофкорию худнамоӣ, зоҳирпарастӣ ва рӯ овардан ба фарҳанги ғайр ҳамкории дастҷамъонаи тамоми сохтору мақомот ва дар маҷмуъ ҷомеаро талаб менамояд
Иштирокдорон доир ба нақши қонунҳои миллӣ дар таҳким ва пойдории давлат, ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа ва рушду пешрафти он ибрози назар намуда, Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024-ро дар мамлакат қадами муассир арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки моҳи декабри соли 2023 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» ба тасвиб расид. Ҳадафи ин санад баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тақвияти институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмини волоияти қонун, ташаккули низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкили механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
АКС: «Тоҷикаэронавигатсия»








Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид






