СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон ҳамоиш гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 03.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ ва стратегияҳо оид ба мубориза бо коррупсия ва аҳамияти он дар фаъолияти кории хадамот» ҳамоиш гузаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин хадамот иттилоъ доданд.
Иброз гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ ва маърифати шаҳрвандӣ, инчунин ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд.
Маърифати ҳуқуқӣ сатҳи таърихан муайяншудаи инкишофи ҷомеа буда, қувваи эҷодӣ ва қобилияти инсон, муносибати байниҳамдигарии аҳли ҷомеаро дар арзишҳои моддӣ ва маънавии эҷодшуда баён менамояд. Маърифати ҳуқуқии инсон қисми таркибии маданияти маънавӣ ба ҳисоб рафта, аз низоми донишҳо, айнияти арзишӣ, ҳиссиёти равонӣ дар заминаи эътирофу эҳтироми шаъну шарафи инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ, инчунин малака ва тавоноӣ дар мавриди амалисозӣ ва ҳимояи муносибатҳо иборат мебошад.
Маърифати ҳуқуқӣ дар сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва амалияи хуқуқии инсон зоҳир мегардад.
Маърифати баланди ҳуқуқӣ асоси ҷомеаи демократӣ ва нишондиҳандаи камолоти низоми ҳуқуқӣ мебошад. Ин омиле аст, ки ба танзими тамоми равандҳои гуногуни зиндагӣ таъсир дошта, шаҳрвандонро муттаҳид месозад, ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва таҳкими ин гуна ҷомеаро дастгирӣ намуда, дар он тартиботро нигоҳ медорад.
Бояд гуфт, ки таъмин ва иҷрои қонунҳои амалкунанда бе таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон номумкин аст. Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019 «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» қабул гардид. Мувофиқи банди 5 ин барнома сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқҳояшон истифода баранд, масъулият дошта бошанд ва ба имконияти баробар, аз ҷумла имконияти ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣ дошта бошанд. Ин барои расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадафҳои ворид шудан ба қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Иброз гардид, ки чунин ҳамоишҳо дар баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ ва маърифати кормандон кумак мерасонанд.
АКС: Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






