СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Маърифати баланди ҳуқуқии кормандони низоми бонкӣ ба пешгирии қонунвайронкунӣ мусоидат менамояд
ДУШАНБЕ, 29.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Соли маърифати ҳуқуқӣ ва бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон барои кормандони низоми бонкдории мамлакат ҳамоиши омӯзишӣ гузаронида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Дар машварат гуфта шуд, ки пешрафти босуботи давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама, ба таъмини амният, волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асос меёбад. Имрӯз дар мамлакат вазъи ҳуқуқии тамоми соҳаҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим мегардад. Аз ин рӯ, баланд гардидани маърифати ҳуқуқии кормандони низоми бонкии мамлакат ба пешгирии қонунвайронкуниҳо, хусусан омилҳои коррусионӣ мусоидат менамояд.
Ба иштирокдорони машварати омӯзишӣ муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ марбут ба муқовимат бо коррупсия шарҳ дода шуданд.
Таъкид гардид, ки имрӯз баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, инчунин омӯзиш ва таҳлили вазъи воқеии муқовимат ба коррупсия, ҷалби бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масоили муқовимат ба ҷинояткорӣ, экстремизм, терроризм ва тақвияти ҳамкории судманд байни аҳолӣ, алалхусус кормандони низоми бонкӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар машварати омӯзишӣ инчунин оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки самтҳои фаъолияти низоми бонкдориро ба танзим медароранд, табодули назар карда шуд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






