ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 май, панҷшанбе, 144-умин рӯзи соли 2024
23 майи соли 1997 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, фармон «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расониданд. Маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ боис шуд, ки 23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардад.
***
Дар ин рӯзи соли 2012 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ҳисор сафари корӣ анҷом дода, бо рафти навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода, дастовардҳои кишоварзони шаҳри Ҳисор дар бахшҳои ғаллакорӣ, пахтакорӣ, боғутокпарварӣ ва чорводорӣ шинос шуданд.
***
23 майи соли 2019 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара роҳи мошингарди «Данғара – Пушинг»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин роҳ деҳаҳои Пушинг, Алиҷон, Ғиҷовак ва Паркамчиро бо маркази ноҳияи Данғара мепайвандад ва дарозии он 18 километрро ташкил медиҳад.
***
Дар ин рӯз дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Минро ба ҳузур пазируфта, аз фаъолияти пурсамари СҲШ давоми 20 сол, ҳамкории давлатҳои аъзо ва натиҷаҳои ҷаласаи ҷашнии сарони давлатҳои аъзои ин Созмон дар Душанбе изҳори қаноатмандӣ намуданд.
***
23 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти унвони «Мушоҳидаҳои фосилавӣ ва технологияи истифодаи ҳавопаймоҳҳои бесарнишин» конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор намуд, ки дар он ҳавопаймоҳои бесарнишини Маркази муштараки илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Чин оид ба истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин таҷриба гардиданд. Чунин ҳамоиши илмӣ бо ҷалби васеи олимон, коршиносон ва мутахассисон дар Осиёи Марказӣ бори аввал доир карда шуд.
***
23 майи соли 2002 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Клуби вазирон-роҳбарони сохторҳои давлатии кор бо ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
***
Соли 2022 дар доираи сафари гурӯҳи кории ҳайати фарҳангӣ – соҳибкории Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе ҳамоиши фарҳангию кории Санкт-Петербург баргузор гардид. Дар он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва намояндагони сохторҳои марбутаи пойтахт иштирок намуданд.
***
Соли 2022 дар доираи Фестивали якуми байналмилалии гулдӯзӣ, заргарӣ ва зардӯзӣ дар Бухоро намоишгоҳи «Bukhara fashion days» баргузор шуд, ки дар он тарроҳи тоҷик Саидҷалол Махсумов низ ҳунари дастиашро ба тамошо гузошт.
***
23 майи соли 2023 дар Ню-Йорк ҳамбастагии рӯзномаи ҷаҳонии об ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ баррасӣ карда шуд.
23 МАЙ ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи ҷавонон.
***
Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони Вазорати экология ва захираҳои табиӣ.
***
Дар Ямайка — Рӯзи меҳнат.
***
Дар Мексика – Рӯзи донишҷӯён.