ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 май, якшанбе, 147-умин рӯзи соли 2024 аст

Май 26, 2024 08:00

Соли 1928 дар ҷаласаи ФИФА доир ба ҳар чор сол як бор доир намудани Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол қарор қабул шуд.

***

26 майи соли 2011 аввалин маротиба маҷлиси умумии солонаи саҳомони Неругоҳи барқӣ — обии «Роғун» баргузор шуд.

***

26 майи соли 2012 дар шаҳри Душанбе Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи эҷодии маҷаллаи «The European Times» мусоҳибаи хоcса анҷом доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014  20-солагии  таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии ҷумҳурӣ бо иштироки  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  бо  гузашти низомӣ  дар майдони Дӯстии пойтахт  таҷлил гардид.

***

26 майи соли 2014 бо мақсади мустаҳкам намудани дӯстию бародарии халқҳо ва ошноӣ бо фарҳанги якдигар дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳангии Федератсияи  Русия баргузор гардид.

***

26 майи соли 2015 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозиҳои 1/8-финалии Ҷоми КФО-2015 байни дастаҳои  «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва  «Ал-Ваҳдой» (Сурия) баргузор гардиданд.

***

26 майи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои роҳбарони сохторҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қарори Ҳукумат «Дар бораи Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

***

 26 майи соли 2018 тифле ба дунё омад, ки аҳолии мамлакатро ба  9 миллион расонид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падару модари тифли 9-миллионаи тоҷикро табрик гуфта, ба Раиси шаҳри Душанбе дастур доданд, ки оилаи мазкурро  бо хонаи истиқоматӣ таъмин намояд. Дар ин робита, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ доир ба ҷудо намудани хонаи сеҳуҷрагӣ аз маркази пойтахт ба Назира Муллоҷонова қарори дахлдорро имзо намуданд.

***

26 майи соли 2022  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҳамчунин бо роҳбарону фаъолон ва аҳли ҷамоати деҳоти Нуриддин Маҳмудов мулоқот ва суҳбати самимии сарироҳӣ доир намуданд.

***

 26 майи соли 2023 намояндаи Парлумони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Беларус иштирок намуд.

26 МАЙ ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Дар Тоҷикистон —  Рӯзи адвокатҳо.

 ***

Дар Гурҷистон — Рӯзи истиқлол.

 ***

Дар Полша — Рӯзи модар.

Май 26, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 ноябр, ҷумъа, 313-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 ноябр, панҷшанбе, 312-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 ноябр, чоршанбе, 311-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 ноябр, сешанбе, 310-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 ноябр, душанбе, 309-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 ноябр, якшанбе, 308-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 ноябр, ҷумъа, 306-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 октябр, панҷшанбе, 305-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 октябр, чоршанбе, 304-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 октябр, сешанбе, 303-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 октябр, душанбе, 302-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, якшанбе, 301-умин рӯзи соли 2024 аст