«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
ДУШАНБЕ, 12.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ва дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми Ватан» идома дорад.
Мақсад аз баргузории озмун боло бурдани ҳисси худшиносии ҷавонон, тарғиб ва тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ дар замири ҳар фарди мамлакат, ифтихор аз истиқлоли давлатӣ ва кашфи истеъдодҳои ҷавон мебошад.
Иштирокчиёни озмун метавонанд дар дилхоҳ гӯшаи табиати Ватан бо телефони ҳамроҳи худ (ё дигар дастгоҳҳои наворбардорӣ) шеър, тарона ё сурудеро дар васфи Ватан замзама намуда, онро ба унвони рӯзнома ирсол намоянд. Маводи ирсолнамудаи иштирокчиён танзим шуда, дар гурӯҳҳои фейсбукӣ ва ютубии рӯзнома ҷой дода мешаванд.
Озмун моҳи апрел оғоз гардида, то 15 май идома меёбад. Ғолибон дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон қадрдонӣ карда мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






