Тоҷикистон ва Маҷористон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва муқовимат бо ҷинояткориро ба имзо расониданд

Май 1, 2024 10:23

ДУШАНБЕ, 01.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30 апрел Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷӣ ва савдои Маҷористон Петер Сийярто мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Ҷонибҳо зимни мулоқот  мавзуъҳои мубрами дуҷониба, минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар қолабҳои бисёрҷонибаро баррасӣ намуданд.

Ҳамсуҳбатон нақши абзорҳои мавҷудаи муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва  Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷиро дар тавсеаю таҳкими ҳамкории гуногунҷабҳаи ду мамлакат муҳим арзёбӣ карданд.

Зимни мулоқот ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва мубориза бар зидди таҳдидҳои муосир таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Ҳамкории ду мамлакат дар доираи Иттиҳоди Аврупо низ аз ҷумлаи мавзуъҳое ба шумор мерафт, ки зимни музокирот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар фарҷом вазирон Ёддошти тафоҳум байни вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва муқовимат бо ҷинояткориро ба имзо расониданд, ки бешубҳа, талошҳои муштараки ду мамлакатро дар самтҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва дигар шаклҳои маблағгузории ҷиноятҳо таҳким мебахшад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 1, 2024 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд