Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориро дар соҳаҳои энергияи «сабз» ва саноати кӯҳӣ тақвият медиҳанд

Май 29, 2024 14:28

ДУШАНБЕ, 29.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориро дар соҳаи энергияи «сабз» тақвият медиҳанд. Дар иртибот ба ин бо мақсади муҳокимаи имконияти рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва саноати кӯҳӣ дар Анқара ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон таҳти роҳбарии ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Шералӣ Кабир бо вазири энергетика ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Туркия Алпарслан Байрактар мулоқот намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия хабар медиҳад.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки тамосҳоро барои тақвияти ҳамкорӣ дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла энергияи «сабз» ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи саноати кӯҳӣ идома диҳанд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия

Май 29, 2024 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид