«ҶАҲОНИ ОЯНДА». Дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ дар Душанбе беш аз 200 асари рассомони ҷавони Тоҷикистону Чин ба намоиш гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 28.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 200 асари рассомони ҷавони Тоҷикистон ва Чин дар Намоишгоҳи байналмилалии санъати тасвирии наврасону ҷавонон, ки таҳти унвони «Ҷаҳони оянда» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оғоз гардид, ба маърази тамошо гузошта шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Мардумии Чин аз созмондиҳандагони намоишгоҳи байналмилалии санъати тасвирии наврасону ҷавонон мебошанд.
Ҳадафи баргузории намоишгоҳ ҷалби ҷавонону наврасон ба соҳаи санъати тасвирӣ, ҳайкалтарошӣ, санъати ороишӣ- амалӣ -кулолгарӣ, заргарӣ, рассомӣ, таблиғу ташвиқ ва дастгирии истеъдодҳои наврас буда, барои боз ҳам рушди фарҳангу санъати ду давлати ба ҳам дӯсту ҳамҷавор заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар қисмати расмии ифтитоҳи намоишгоҳ сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Сафарзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тсзи Шумин ва намояндаи Дафтари иттилооти Шурои давлатии Чин Ли Юан сухан намуданд.
Таъкид гардид, ки наврасони боистеъдод неруи пешбарандаи ҷамъият, ояндаи миллат, манбаи илҳом ва умед барои ҷомеа буда, истеъдод ва дастовардҳои онҳо метавонанд ба фарҳанг, илм, варзиш ва дигар соҳаҳои муҳимми ҳаёт таъсири назаррас расонанд.
Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои муҳим маҳсуб ёфта, муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин дар шакли бисёрҷониба ба таври устувор рушд намуда истодааст.
Робитаи байни халқҳои тоҷику чин таърихи куҳан дошта, ҳанӯз аз замони Роҳи бузурги абрешим маншаъ мегиранд ва дар марҳилаи нав — тӯли беш аз се даҳсола аст, ки ботадриҷ густариш меёбанд.
Дар пешбурди самарабахши ин равандҳо нақши роҳбарони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мадумии Чин ҷаноби Си Ҷинпин, ки иртиботи дӯстона доранд, басо муҳим мебошад.Зеро муколамаи доимии сатҳи олӣ заминаи устувори сиёсиро барои таҳкими муносибатҳои гуногунҷанбаи ҷонибҳо дар самтҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи кор бо ҷавонон, фароҳам меоранд.
Намоишгоҳи байналмилалии санъати тасвирии наврасону ҷавонон таҳти унвони «Ҷаҳони оянда» дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки барои мардуми Тоҷикистон санаи муқаддас аст, оғоз ёфт ва то 28 июн идома меёбад.
АКС: АМИТ «Ховар»




























Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






