Агентии обуҳавошиносӣ: шабонарӯзи наздик дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст

Июнь 4, 2024 08:10

ДУШАНБЕ, 04.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи наздик дар баъзе минтақаҳои доманакӯҳию кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд бо сабаби бориши зиёд омадани сел дар назар дошта шудааст. Дар дарёҳои Зарафшон, Обихингоб, Сурхоб, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда (Варзоб, Лучоб, Харангон, Ромит, Элок) баландшавии сатҳи об дар назар аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Танҳо шабона дар шарқи вилоят ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 14+16 дараҷа гарм, рӯзона 23+27 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона  аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони бошиддат борида, ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борони кӯтҳомуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ саҳаргоҳон ва рӯзона борони бошиддат борида, ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе  ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 17+19 дараҷа гарм, рӯзона 30+32 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 4, 2024 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«АНДАЛЕБ-2025». Ҳунармандони Ҳисор дар даври минтақавии фестивал-озмун соҳиби холи баланд гардиданд
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Масъалаи ташкили ковишҳои бостоншиносӣ дар мавзеи «Дараи Алмосӣ» баррасӣ гардид